Рӯзи 24 июни соли 2025 тибқи нақшаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир гардид.
Нишасти матбуотиро доктори илмҳои иқтисодӣ, и. в. профессор, ректори Донишгоҳ – Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳусни оғоз бахшида, намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро, ки дар пешрафти ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи он нақши муассир доранд, хайрамақдам гуфта, сипас доир ба фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2025 маълумоти мухтасар ба ҳозирин пешниҳод намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ давраи ҳисоботиро бо натиҷаҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ ҷамъбаст намуданд.
Дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ доир ба самти таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот, ихтироъкорӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ ва ободонию сабзкорӣ ҳарф зада, натиҷаҳои бадастовардаро хуб арзёбӣ намуда, изҳор дошт, минбаъд низ имкониятҳо барои таъмини пешравӣ зиёданд.
Баъдан, миёни роҳбарият ва журналистон доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил, тадбирҳои Донишгоҳ дар доираи солҳои рушди инноватсия ва рақамикунонӣ, ҳамбастагии илму истеҳсолот, вазъи технопаркҳо, ихтироот ва инноватсия, татбиқи патентҳо, ба ҷойҳои корӣ сафарбарнамудани хатмкунандагон, дурнамои рушди Донишгоҳ, ҷалби сармоя, тадбирҳо ҷиҳати боло бурдани нуфузи байналмиллалии Донишгоҳ ва амсоли ин , саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар хотимаи нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ ба намояндагони васоити ахбори омма барои иштирок дар баргузории суҳбати озоду самимӣ, ки ба пешрафт ва рушди минбаъдаи Донишгоҳ ва илми ватанӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, изҳори сипос намуд.

