НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ФАРХУДАВУ ХУҶАСТА БОД!

Таманниёти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ
ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай
Наврӯзи Ватан иди башар гашт, муборак,
Тоҷе ба сару нури басар гашт, муборак!
Омӯзгорон, командон ва донишҷӯёни азиз!
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки аксари кишварҳои олам 15 сол мешавад, ки пайи татбиқи Қарордоди Шӯрои 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 26-уми феврали соли 2010 дар бобати дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Наврӯзи хуҷастапай ҳиссагузорӣ менамоянд.
Наврӯз тайи беш аз 6 ҳазор соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоӣ касб намудааст.
Дар раванди таърих Наврӯз қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ё ба таъбири аллома Абӯрайҳони Берунӣ “Пешонии соли нав” мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки тақвими наврӯзӣ, ки аз тарафи Мутафаккири барҷастаи Форсу тоҷик Ҳаким Умари Хайём дар асри 11 таълиф гардид, бо тафовут аз тақвими Ҳиҷрӣ-Қамарӣ, ки ҳамасола бо фарқияти 10 шабона рӯз, ва тақвими Шамсии-Юлиянӣ, ки дар ҳар чор сол як шабонарӯз тафовут дорад, Тақвими Хайёмӣ дақиқтарин тақвими башарият ба ҳисоб рафта дар давоми 4500 сол як шабонарӯз фарқ мекунад, ки ба шумори як сол ба микро сонияҳо рост меояд.
Олимону муҳаққиқони забардаст Наврӯзро ҳамчун ҷашни тавҳид, ягонагии инсон ва созандагӣ эътироф кардаанд, ки он ба ягон дину мазҳаб робита надорад.
Бинобар ин, ёдовар шудан ба маврид аст, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ буда, аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, асолати хешро гум накарда, бо тамоми арзишҳои маънавии худ ҳифз шуда, то замони мо расидааст.
Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, он нишонаи пешрафти тафаккури бунёдкоронаи халқ мебошад, зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост.
Аз рангу ҷилои тоза ва нафаси гарму ҷонбахши он дар қалби ҳар яки мо нахли умеду орзуҳо бедор мегардад.
Ҳаким Умари Хайём муаллифи тақвими хуршедии асри Х1 дар васфи таърихи ҷашни Наврӯз асаре бо номи «Наврӯзнома» таълиф намуда, чанд ривоятро марбут ба пайдоиши он овардааст:
“Чун мардум бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шаступанҷ рӯз аз шабонарӯз ва чоряк ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн гирифт, ки пас аз он подшоҳони дигар онро давом доданд”.
Воқеан ҳам, боиси ифтихори мову шумо аст, ки дар қабули ин қарордод чанд тан аз хирадмандону абармардони Машриқзамин, аз ҷумла Асосгузори сулҳу вадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузошта, аҳамият ва мақому мартабаи баланд бардоштани Наврӯзро тавсиф намуда, чунин қайд кардаанд, ки:
«Наврӯз иди поку беолоиши мардумист, ки ба дастурхони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии серу осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон кушоиши кор ато менамояд».
Фалсафа ва ҳикмати Наврӯз дар худ анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқро таҷассум намуда, мардуми моро ҳамеша ба ягонагӣ, ору номус ваҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо дар саросари кишвар фазои амну суботи воқеӣ ҳукмрон асту, баҳри фаъолияти бисёрҷабҳа алалхусус, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани ташаббусҳои созанда шароити мусоид фароҳам омадааст.
Дӯстони гиромӣ!
Зикр намудан ба маврид аст, ки имсол бо кӯшишу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикору талошҳои шабонарӯзии Раиси ҷавону ободгар ва созандаи пойтахти кишварамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ навгониҳои куллиро ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди Пойтахт алалхусус боғҳои фаҳангӣ-фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ, биноҳои боҳашамати маъмуриву маишӣ ва азнавсозии истгоҳҳои муосиру роҳҳои сеқабата сокинону меҳмонони Душанбешаҳрро ба ваҷд оварадааст, ки чунин ташаббусҳо далели ба як шаҳри ҳамешабаҳор табдил ёфтани пойтахти азизамон мебошад.
Аз ин лиҳоз, мо дар якҷоягӣ бояд дар паҳлуи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи татбиқи сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи ин абармарди воқеан халқпарвар ва машҳури оламгардида, сулҳпешаву раиятпарвар, созандаву бунёдкор кӯшиш ба харҷ диҳем.
Дар ин соати вуруди Рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз, ки ҳамасола бо қабои сабзи худ моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун месозад, дуои Наврӯз мехонем: «Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».
Аз фурсати муносиб истифода бурда Шумо ва дар симои мубораки Шумо, тамоми наздикону пайвандонатонро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, пеш аз ҳама бароятон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осмони софу беғубор ва саодати зиндагиро таманно менамоям.
Боварии комил дорам, ки Шумо низ бо таваҷҷуҳ ба сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус, Пешвои муаззами миллат дар раванди вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозаву озода нигоҳ дошатани Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва рушду такомули ҳамарӯзаи Донишгоҳ саҳми арзандаи худро мегузоред.
Бигзор, Наврӯз ба кишвари мо – Тоҷикистони биҳиштосо, ки ватани Наврӯз мебошад, сарсабзиву хуррамӣ, ободиву пешрафт, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот ва болоравии обрӯву нуфузи ватани маҳбубамонро ба армуғон оварад!
Тибқи маълумоти олимони ахтаршинос Наврӯз дар Тоҷикистони азизи мо ба вақти Душанбе имрӯз 20 – марти соли 2025 соати 14:01 ва 25 сония ворид гардид.
Бинобар ин, бори дигар вуруди Наврӯзро ба хонадони ҳар кадоми Шумо хуҷастабод гуфта, таманно менамоем, ки:
Эй Худованди замину осмон,
То ба Наврӯзи дигар моро расон.