НАВРӮЗ ҶАВОН КАРД БА ДИЛ ПИРУ ҶАВОНРО

Имрӯз, санаи 30.03.2026 дар гулгашти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалиӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосаи баҳорӣ ва бо анъанаҳои миллии наврузӣ ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, устодону кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал меҳмонон аз хонҳои наврӯзии оростаи идораҳову факултетҳо ва Литсейи инноватсионии назди ДТТ дидан намуда, бо анъанаҳо ва расму оинҳои миллии хоси Наврӯз буда, дидан намуданд.
Чорабинии ҷашниро ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи меҳмонону иштирокдоронро ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои қадимтарини халқҳои ориётабор Наврӯзи фархундапай самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саодатии зиндагӣ, шодиҳои идона ва тамоми хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.
Инчунин мавсуф тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон эҳё ва густариши суннатҳои наврӯзӣ ба марҳилаи тоза ворид гардид. Дар ин раванд саҳми бузурги Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас мебошад. Бо сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат арзишҳои аслии Наврӯз аз нав эҳё гардида, ба яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфтанд.
Зикр гардид, ки бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ҷашни Наврӯз аз доираи миллӣ берун рафта, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуд. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 рӯзи 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намуд. Ин иқдоми таърихӣ боис гардид, ки имрӯз Наврӯз ҳамчун ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда шавад.
Имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Наврӯз дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса, аз ҷумла бо усули «деҳа ба деҳа» таҷлил мегардад. Ҳадафи ин ташаббус таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум, эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди муҳити иҷтимоӣ ва ободонии маҳалҳо мебошад. Маҳз тавассути чунин иқдомҳо мардум ба корҳои ободонӣ, тоза намудани муҳити зист, шинонидани дарахтон ва ҳифзи табиат саҳми фаъол мегузоранд.
Чун анъана дар ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо медалу мукофотҳои давлатӣ, аълочии маориф, ифтихорномаҳову сипосномаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикстони сарфароз гардонида мешаванд. Дар робита ба ин як қатор устодону омӯзгорон ба ҷоизаи аълочии маорифи ҶТ, ифтихорономаи Кумитаи иттифоқоҳои касабаи кормандони соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодоне, ки тайи соли равон рисолаҳои номзадиро ҳимоя намудаанд бо 5000 сомонӣ ва рисолаи докториро ҳимоя намудаанд бо 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардида, иддаи дигар аз кормандону устодон бо сипосномаву ифтихорномаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои меҳнати софдилона ва тарбияи насли наврас сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, чорабиниҳои варзишӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати чорабинии фарҳангӣ-фароғатие, ки аз ҷониби кормандони Донишгоҳ омода гардида буд, шеъру сурудҳо дар васфи Ватану Наврӯз ва Тоҷикистони азиз қироат карда шуда, ансабли “Зуҳал” бо сурудҳои дилнишину рангоранги баҳориву наврӯзӣ хотири меҳмонону ширкаткунандагонро шоду масрур гардонид.

Leave a Reply