Наврӯз- ҷашни хирадмеҳварӣ ва ҳикмату ҷаҳоншиносии ниёгон
(чанд андешаи иҷмолӣ дар робита ба Ҷашни Наврӯз)
Наврӯз мондаготарин ва кӯҳантарин ҷашни инсонист, ки дар тули таърихи дароз, новобаста аз ҳамагуна лашкаркашиву ғаддориҳое, ки дар сарзамини мо ба вуқуъ пайвастаанд, тавонистааст мондагор шавад ва шояд назираш бо ин тақадумият дар фарҳангҳои мардумони мухталифи ҷаҳон набошад. Назди ниёи мо мардумони ориёитабор, ки ҳамеша барояшон ҳамбастагии инсону табиат ва эътидоли табиию биологӣ муҳим будааст, ин ҳамбастагиро онҳо дар ҷашнҳое ба мисли Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаву шаби Ялдо инъикос намудаанд ва тағйирпазирии ҳар кадоме аз буъдҳои замониро бо яке аз ин ҷашнҳо таҷлил намудаанд. Ҳамин аст, ки ҷашнҳои миллӣ-мардумии ориёитаборон таҷассумкунандаи чигунагии зиндагӣ, тарзи тафаккур, қолаби андеша, ҷаҳонбинӣ, муносибати инсон бо инсон ва муносибати инсону табиат маҳсубанд. Ин ҷашнҳои кӯҳани миллӣ бозгӯкунандаи онанд, ки мардумони сарзаминҳои мо ҳазорон сол қабл дорои андешаи воқенигари илмӣ буда, ҳамбастагии ҳастии инсону коинот ва таҳаввулоти умумиро дар фазои Курраи Замину каҳкашони хуршедии мо дарк намуда, онро ба ҳайси тағйиру таҳаввул дар олами ҳастӣ таҷлил намудаанд.
Дар силсилаи оину ҷашнҳои миллию мардумӣ Наврӯз дар саргаҳи онҳо қарор мегирад ва ифодагари ҳамбастагии инсону коинот аст.Ҷашни Наврӯз дар тули таърихи миллат мондагортарин ва куҳантарин ҷашнест, ки дар шебу фарозҳои таърих новобаста аз бархӯрдҳо, зери султа рафтанҳо ва тасаллути бегонагон, на танҳо аз байн нарафтааст, балки ғосибони ин сарзаминҳоро низ аз бузургию шаҳомат ва мардумсолорию ҳамбастаи зиндагӣ будани он мадюни худ намудааст, то ин ҷашнро пазруфтаанд ва онро таҷлил кардаанд. Ҷашни Наврӯз агарчи аз тафаккуру дидгоҳи як қавм ба вуҷуд омада бошад, вале арзишҳои муҳими инсонии он ва шинохти дурусту дақиқ аз табиат, тавонистаанд ин ҷашнро ба як ҷашни фаромиллӣ ва башарӣ табдил диҳанд.
Ҷашни Нарвӯз ба фарҳанги ҷамшедии мардуми ориётабор иртибот дорад. Ҳарчанд ин шаҳриёр дар сарчашмаҳо дар шакли асотирӣ инъикос ёфтааст, вале як шахсияти воқеиест, ки бо фарҳанги инсонсолорӣ ва зиндагимеҳвариаш тавонистааст дар таърихи фарҳанги мо ба сифати як пешгоми фалсафаи инсонмеҳвари зиндагисоз баромад кунад. Ҷамшед ва Наврӯз ҳарду тавъаманд, зеро Ҷамшед бо Хуршед ё Меҳр, яъне бо нуру рӯшноӣ иртиботи ногусастанӣ дорад ва ӯро ба ҳайси писари Хуршед низ баъзе аз муҳаққиқон ном бурдаанд. Ҳамин аст, ки дар таърихи мардумони ориёӣ, фарҳанги ҷамшедӣ ба ҳайси фарҳанги меҳр, хирад ва орӣ аз ҷаҳолату зулмат шинохта шудааст. Наврӯз, ки намунаи олии фарҳанги ҷамшедист тамоми арзишҳои олии инсонсозиро дар бар мегирад. Он рамзи таҷдиди фикрӣ, навандешӣ, навсозӣ, навофаринӣ ва равшангарист. Дар тамоми сарчашмаҳое, ки ба тарзи таърихию асотирӣ пайдоиши Наврӯзро пайгирӣ менамоянд, он иртибот дода шудааст, бо пирӯзии хирад бар ҷаҳл, рушаноӣ бар торикӣ ва меҳр бар зулмату залолат, яъне Ҷамшед дар мушкилтарин вазъият хираду рӯшаноиро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз менамояд ва тухми торикию зулмат ва нодониву ҷаҳолатро аз замин барканда мекунад.
Агар ба воқеъияти ҳастию ҷаҳон назар афканем Наврӯз ҷашнест, ки дар он ҳама коинот аз ҷумла замин ва каҳкашони хуршедии мо дар як радиф қарор мегиранд ва як давраи комили гардиш ба анҷом мерасад ва гардиши наве дар ҷаҳон шурӯъ мегардад. Ин навшавӣ хос ба ҳамаи предмет, падида, олами наботию ҳайвонӣ ва инсонист. Яъне Наврӯз рамзи зиндагӣ ва зиндагимеҳварист. Табиат аз нав эҳё мешавад ва ҳама чиз муттаҳаррик гардида, ба парваридану рушд тамоюл мекунад.
Дар гоҳшумории ориёӣ, Наврӯз ба аввали моҳи Фарвардин мусовӣ аст. Дар ин моҳ тамоми табиат таҳаввул мешавад ва ба ҳолати навин дармеояд. Воқеан, ҷашни Наврӯз ҷашни хирад, ҷашни нур, ҷашни меҳр ва ҷашни ҳамбастагии инсону коинот аст, ки чун аз табиати инсонӣ бархостааст, ҳамин сабаб гардидааст, ки ба зеҳнияти наслҳову мардумони фарҳангҳои гуногун бидуни ҳеҷ навъе аз хушунат, аз ҷониби онҳо пазируфта шавад. Ин ҷашн дар дарозои даҳ хазор соли охир тавонистааст, иртиботи қавии байни наслҳоро таъмин намояд ва таъриху ҳуввият ва мондагории мардумони моро собит созад. Муҳимтарин хусусияти мондагории ин ҷашн иборат аст аз чунин арзишҳои инсонмеҳваре, ки барои тамоми башарият хосанд ва новобаста аз бовару эътиқод, дидгоҳҳои сиёсӣ ва миллию этникӣ ҳамаи мардумони ҷаҳон ба ҳайси арзиши муҳим онҳоро пазируфтаанд. Ин арзишҳо иборатанд аз:
Якум, Наврӯз Ҷашни ЭҲЁ ва ҷашни ЗИНДАГИСТ. Ҳамин аст, ки барои башарият аз зиндаги болотар арзише вуҷуд надорад. Ҳамаи арзишҳои дигар дар атрофи зиндагӣ мечарханд. Агар то имрӯз инсоният чизеро шинохтааст, кашф кардааст ё сохтааст ҳамааш танҳо ба хотири зиндагӣ будаасту бас;
Дуввум, Наврӯз ҷашни НУР ва ХУРШЕД аст. Мусаллам аст, ки ҳаёти ҳамаи олами зинда ба офтоб, рӯшаноӣ ва гармӣ ҳамбастагӣ дорад. Ҳамин аст ки ин арзиш пазируфтаи ҳамаи инсонҳо аст ва ҳамаи башар ва анвоъи зинда ниёз ба офтоб гармӣ ва рӯшаноӣ доранд. Зиндагӣ низ бо гармиву рушаноӣ ҳамбаста аст. Фарқи зиндаву ғайризинда дар гармиву рушаноист;
Саввум, Нарӯз ҷашнест, ки аз НАВГИРОӢ ҳарф мезанад. Тамоми инсоният табиатан ҳар чиз, ашё ё падидае, ки нав бошад онро дӯст медорад. Наврӯз ҳама гунна фарсудагиву вопасгароиро канор мезанад ва ҳамеша аз «НАВ» ва ҳамеша аз «ШУДАН» мегӯяд. Аз ТАҲАВВУЛ, аз эҳё аз навӣ ва аз фардо паём дорад;
Чаҳорум, Наврӯз ҷашни ШОДИЮ СУРУР ВА ПИРӮЗИИ АҚЛУ ХИРАД аз болои ҷаҳолат, нодонӣ ва торикӣ аст. Таърих собит кардааст, ки бузургтарин бадбахтии инсоният нодониву ҷаҳолат аст ва инсоният танҳо аз роҳи дониш ва ақлу хирад ба зиндагии шоиста расида метавонад. Наврӯз ҳама хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолату тассубро канор мезанад ва аз дарки воқеияти оламу одам мегӯяд;
Панҷум, Наврӯз ҷашнест, ки дар он АХЛОҚИ БАЛАНДИ ИНСОНӢ таҷассум ёфтааст ва ҳамеша аз се асли некӣ маншаъ мегирад: «Пиндори нек, Гуфтори нек, Кирдори нек». Ба ин се асл тамоми башарият ниёз дорад ва саодати инсонӣ аз ҳамин се асл бармеояд. Агар ба тамоми консепсияҳои ахлоқӣ назар афканем, ҷамъбаст ва хулосаи онҳо ба ҳамин се асл бармегардад. Агар камолоте барои башар аст дар риоёти ҳамин се асли некист, ки фарҳанги наврӯзӣ онро ба башарият талқин менамояд;
Шашум, Ҷашни Наврӯз ҷашни ЭЪТИДОЛ аст. Инсоният дар тамоми таърих яке аз арзишҳои меҳвариаш адолат ба ҳисоб меравад. Зеро ҳамеша ноадолатӣ боиси ранҷу бадбахтии инсонҳо мегардад. Ҳамин аст,ки дар фарҳанги ҷаҳонӣ арзиши адолат яке аз арзишҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад ва дар Наврӯз аввалан, эътидоли табиӣ, ки он аз баробаршавии шабу рӯз ва дар як радиф қарор гирифтани сайёрот маншаъ мегирад, аз тарафи дигар Наврӯз ба ҳамаи инсонҳо ва ҳамаи табақот баробар аст. Яъне дар байни инсонҳо низ тафовут ё фарқ намегузорад. Маҳз ин ҷашн бори дигар ба инсонҳо ҳушдор медиҳад, ки ИНСОНИЯТ афзалтар бар ҳама таллуқияти табақотиву иҷтимоист;
Ҳафтум, Наврӯз ҷашни УМЕД аст. Мусаллам аст, ки инсониятро умед раҳнамун месозад ва инсоният бо умед зинда аст. Умеди нек доштан ва фардои накуро орзу кардан хоси ҳамаи инсоният аст.Чун Наврӯз паёми фардоро дорад, гузашти як мароҳили сардиву торикиву мушкилиро пушти сар мекнад ва аз идомаи рушани зиндагӣ паём медиҳад;
Ҳаштум, Наврӯз ҷашни МЕҲР, ИШҚ, САОДАТ ва САДОҚАТ аст. Меҳр ва ишқу садоқат асоси вуҷуди инсоният аст ва набуди инҳо метавонад зиндагии инсонҳоро ба нобудӣ кашонад ва пояи зулму истибдодро тақвият бахшад. Маҳз меҳру ишқу алоқаву отифа бо нахстин рӯзи Фарвардин шуруъ мегардад ва идомати ҳаётро дар Курраи Хокӣ таъмин месозад;
Нуҳум, Наврӯз ҷашни БАХШОЯНДАГӢ аст. Яке аз хислатҳои хуби инсонӣ бахшояндагӣ ба ҳисоб мераванд ва дар Наврӯз низ мардумон ба ҳамдигар тӯҳфаҳо мебахшанд, гуноҳҳои якдигарро мебахшанд ва ҳама воқеиёти манфие, ки аз сар гузашта буд, онро канор мегузоранд. Кинаҳоро аз дил зудуда мекунанд. Бо ҳамдигар муносибати самимиро аз нав оғоз мекунанд;
Даҳум, Наврӯз ҷашни НАЗОФАТУ ПОКИЗАГИСТ. Ин арзиш низ хоси ҳамаи инсоният аст ва инсонҳо озодию озодагиро дӯст медорад ва ҳадафи зиндагиро дар озодиву озодагӣ медонанд. Ҳамин аст ки дар ҷашни Наврӯз мардум хонаю дари хешро тамйиз мекунанд, либосҳои озода мепӯшанд ва бо раҳогаштан аз хатарҳои зимистон озодона ба сайри дашту чамани сабзу гулпӯш мераванд. Аз тарафи дигар ин ҷашн ҳамбастагии мо инсонҳо ва табиатро мушаххас намуда, ҳушдор медиҳад, ки бо табиат муносибати самимимонаву одилона дошта бошем ва онро набояд ба хотири манофеъамон бераҳмона олуда намоем ва хатари маҳви Зиндагиро дар он ба вуҷуд оварем;
Ёздаҳум, Наврӯз ҷашни ЗЕБОИСТ. Табиатан инсонҳо зебоипарастанд. Онҳо зебоиро дӯст медоранд. Чун замони Наврӯз табиат гуногунрангу зебо мешавад, гулҳо мешукуфанду рангорангиҳо ба вуҷуд меояд, ин ҳама ба инсон фараҳу илҳом ва андешаву умеди тозаро ба бор меоварад. Аз тарафи дигар худи инсонҳо низ ба мисли табиат зебо мешаванд ва хешро пероставу ороста мегардонанд;
Дувоздуҳум, Наврӯз ҷашни ҶАВОНИВУ ҶОВИДОНАГИСТ. Инсоният ҳамеша ҷавонӣ ва ҷовидонагиро дӯст медорад. Ҳамин аст, ки яке аз орзуву омоли асосии инсонӣ ин ҷовидонагӣ аст.
Хулоса, Ҷашни Наврӯз-ҷашнест, ки дар худ тамоми арзишҳои баланди инсониро таҷассум намудааст ва он аз табиати одамӣ маншаъ мегирад. Ҳамин аст, ки ин ҷашнро мардумони гуногуни Сайёра новобаста аз хуну пуст ва бовару эътиқод бо дӯстдорӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Дар ниҳоят, Наврӯз ҷашни ВАҲДАТИ ТАМОМИ БАШАРИЯТ аст.
Ин ҷашнро ба тамоми ҳамзамонон, ҳамзабонон ва тамоми мардуми хирдапарвари ҷаҳон хуҷастабод мегӯям ва умедворам ин гардиши навине, ки шуруъ гардид, барои башар сулҳу саодату комгорӣ ба бор оварад.
Исомиддин Шарифзода
Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ
