(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва гузариши босуръати ҷомеа ба марҳалаи рақамикунонӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба омилҳои калидии рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтаанд. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ин ҷодаро возеҳ муайян намуда, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъиро ҳамчун заминаи асосии рушди устувори кишвар муаррифӣ менамояд.
Дар Паёми Сарвари давлат рушди технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди рақамӣ ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ таъкид гардида, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шудааст, ки ҷиҳати ташаккули заминаи ҳуқуқӣ, инфрасохторӣ ва кадрии гузариш ба иқтисоди рақамӣ тадбирҳои мушаххас андешад. Ин раванд пеш аз ҳама ба рақамикунонии идоракунии давлатӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми молиявӣ равона гардидааст.
Таъсиси сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва густариши инфрасохтори телекоммуникатсионӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба шаффофият, кам кардани омилҳои инсонӣ ва пешгирии коррупсия мусоидат менамоянд. Таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ метавонад талафоти молиявиро ба таври назаррас коҳиш дода, самаранокии идоракуниро баланд бардорад.
Яке аз нуқтаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад. Ин иқдом аз мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ шаҳодат медиҳад.
Дар Паём пешниҳод гардидааст, ки бо мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата-сентрҳо) таъсис дода шаванд. Ин ташаббусҳо метавонанд Тоҷикистонро ба як маркази минтақавии хизматрасониҳои рақамӣ ва коркарди маълумот табдил дода, имкониятҳои нави ҷалби сармоя ва рушди содироти хизматрасониҳоро фароҳам оваранд.
Ҳамчунин дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи гузариш ба идоракунии пурраи рақамии молияи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонии маъмурикунонии андоз аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба таҳкими интизоми молиявӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мусоидат мекунанд.
Таҷрибаи амалигардидаи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020–2025» нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ боиси соддагардонии равандҳои андозбандӣ, беҳтар шудани хизматрасониҳои электронӣ ва болоравии фарҳанги андозсупорӣ гардидааст. Идома ва густариши ин раванд дар солҳои 2026–2030 метавонад пояи мустаҳками иқтисоди рақамиро таъмин намояд.
Рақамикунонии иқтисод бидуни тайёр намудани кадрҳои баландихтисос имконнопазир аст. Дар Паёми Президенти кишвар ба масъалаи омӯзиши талаботи бозори меҳнат дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани теъдоди мутахассисон ва баланд бардоштани сифати омодасозии онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст. Ҳамкории зичи ниҳодҳои давлатӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ метавонад ба ташаккули экосистемаи инноватсионӣ мусоидат намояд.
Илова бар ин, таъкид мегардад, ки Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои энергетикии «сабз» метавонад шароити мусоид барои рушди марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъӣ фароҳам оварад. Ин имконият метавонад кишварро ба як платформаи рақобатпазири минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ табдил диҳад.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро ҳамчун омили калидии гузариш ба иқтисоди ба донишу навоварӣ асосёфта муаррифӣ менамояд. Рақамикунонии идоракунии давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос на танҳо ба баланд бардоштани самаранокии иқтисоди миллӣ, балки ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар фазои рақамии ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.
Қаюмова Ҳ.И. ва Резвонов Н.С. кормандони Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ

