Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 28 -уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои хуштарҳу замонавии мақомоти олии қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олӣ, ки бо сабки хоси миллӣ ва санъати баланди меъморӣ бунёд гардидааст, ироа гардид, ҳамчун роҳнамо барои ноил гардидан ба мақсадҳои шоиста ва босалоҳияти мардуми шарифи кишвар мебошад. Аз ҷумла, дар суханронии Пешвои миллат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф давоми 33 сол баҳри пайдо намудани мавқею манзалат бо сиёсати асили иқтисодияш зери шиори сиёсати “дарҳои кушода” дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дорад.
Қайд намудан зарур аст, ки сиёсати иқтисодии давлат ин маљмўи чорабиниҳо ё тадбирҳоест, ки Ҳукумат аз номи давлат дар соҳаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолот инчунин содироту воридоти молу хизматҳо дар кишвар ба амал мебарорад.
Аз тарафи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъкид гардид, ки мардуми мо низ мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд ва ин ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ арзёбии марҳилаи ҳисоботӣ, баррасии вазъият ва самтҳои асосии рушди иқтисодии кишвар, сатҳи дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ, арзёбӣ ва дурнамои соҳаҳои иҷтимоӣ, баррасии масъалаҳои ҳуқуқию амниятӣ, баррасии равандҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро барои солҳои оянда мавриди баррасии хеле муфассал ва ҷиддӣ қарор дод. Аз ҷумла: “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод”.
Яке аз қисматҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат сиёсати фискалӣ мебошад. Сиёсати фискалӣ гуфта, низоми муайяни танзими иқтисодро ба воситаи хароҷотҳои давлатӣ ва андозҳо меноманд. Аз ҳамин ҷиҳат сиёсати фискалӣ маҷмӯи сиёсати буҷет ва сиёсати андоз буда, дар баъзе ҳолатҳо, сиёсати буҷаю андоз низ номида мешавад. Унсурҳои асосии сиёсати фискалӣ хароҷотҳои давлатӣ ва андозҳо ба ҳисоб мераванд. Дар Паёми Пешвои миллат сиёсати фискалӣ низ ҷойгоҳи худро дорад. Аз ҷумла: “Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид”.
Нуқтаи муҳими дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ин ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар ин раванд аз ҷониби Сарвари давлат ба вазорату кумитаҳои дахлдор вазифагузорӣ карда шуд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мақоми хоса доштанд. Ҳадаф ва мақсади амалӣ гардонидани стратегияҳои мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии шоистаи мардуми кишвар ба шумор мераванд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ин пеш аз ҳама таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи асосӣ дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии бўҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд. Бо ин мақсад аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ барномаи амнияти озуқавории кишварро барои панҷ соли оянда қабул ва амалӣ намоянд.
Воқеан ҳам нақши соҳибкорон ва махсусан соҳибкории саноатӣ дар пешрафти Тоҷикистон назаррас буда, он барои расидан ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва ҳамдастии онҳо дар мӯътадилсозии молиявӣ, ба ҷойҳои кории нав таъмин намудани аҳолӣ ва афзун кардани бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон фазои иқтисодии озод ва як қатор имтиёзҳоро барои соҳибкорон фароҳам овардааст, то ки соҳибкорон бе мушкилӣ фаъолият намоянд.
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардид, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.
Коршиносон имрӯз саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мекунанд, зеро соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйироти талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд.
Нуқтаи дигари муҳиме, ки дар Паёми имсола ироа гардид – ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд гардид, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Бо баробари ин муваффақияту дастовардҳо Пешвои миллат аз баъзе камбудиҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта ибрози андеша намуда ба масъулин дастуру ҳидоятҳои дорои хусусияти иқтисодию иҷтимоидошта дода, қайд намуд, ки ин вазифаи ҷонии ҳар яки мо баҳри бартараф кардани он мебошад.
Ҳамин тариқ хулоса кардан мумкин аст, ки ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои миллат асосӣ буда дар он тамоми ҷанбаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷумла: раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, сатҳи пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, вазъияти бахши воқеии иқтисодиёт, сиёсати иқтисодию молиявии давлат, даромад ва пасандозҳои аҳолӣ, вазъияти сармоягузорӣ дар кишвар, вазъият ва масъалаҳои соҳибкорӣ, вазъияти воридоту содирот дар кишвар ба тартиби муайяншуда мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда қарор дода шуд.
Паёми Пешвои миллати мо,
Бувад чун роҳнамои давлати мо.
Ҳадафҳояш ҳама созандагиҳост,
Калиди роҳкушои миллати мост!
Абдурасул Сатторзода,
декани факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон