Накҳати тозаи Наврӯз муборак бошад!

Имрӯз, санаи 19.03.2025 дар гулгашти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалии оламафрӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хосаи баҳорӣ ва бо анъанаҳои милли наврузӣ ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз мақомотҳои давлатӣ, Вазоарти саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо, КИ ҲХДТ дар дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, устодону кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал меҳмонон аз хонҳои наврӯзии оростаи идораҳову факултетҳо ва Литсейи инноватсионии назди ДТТ дидан намуда, бо анъанаҳо ва расму оинҳои миллии хоси Наврӯзи аҷам буда, бештар шиносоӣ пайдо намуданд.
Чорабинии ҷашниро ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи меҳмонону иштирокдоронро ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои қадимтарини халқҳои ориётабор Наврӯзи фархундапай самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саодатии рӯзгор шодиҳои идона ва тамоми хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.
Инчунин мавсуф тазаккур дод, ки ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист. боиси хурсандист, ки 15 сол муқаддам, яъне 19-уми феврали соли 2010 иҷлосияи 64-уми Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Ҷашни байналмилалии Наврӯз” қатънома қабул кард ва 21-уми мартро рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Боиси ифтихор аст, ки пешкорони ин иқдом Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия ва кишварҳои дигари эронию турктабор буданд.
Имрӯзҳо Наврӯзро дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Эрон, Гурҷистон, Македония, Туркия, Муғулистон ва бархе аз кишварҳои дигар дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегиранд.
Чун анъана дар ҷашну маросимҳои миллию давлати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо медалу мукофотҳои давлатӣ, аълочии маориф, ифтихорномаҳову сипосномаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикстони сарфароз гардонида мешаванд. Дар робита ба ин як қатор устодону омӯзгорон ба ҷоизаи аълочии маорифи ҶТ, ифтихорономаи Кумитаи иттифоқоҳои касабаи кормандони соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодоне, ки тайи соли равон рисолаҳои номзадиро ҳимоя намудаанд бо 5000 сомонӣ ва рисолаи докториро ҳимоя намудаанд бо 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардида, иддаи дигар аз кормандону устодон бо сипосномаву ифтихорномаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои меҳнати софдилона ва тарбияи насли наврас сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, чорабиниҳои варзишӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати чорабинии фарҳангӣ-фароғатие, ки аз ҷониби кормандони Донишгоҳ омода гардида буд , шеъру сурудҳо дар васфи Ватану Наврӯз ва Тоҷикистони азиз қироат карда шуда, ансабли “Зуҳал” бо сурудҳои дилнишину рангоранги баҳориву наврӯзӣ хотири меҳмонону ширкаткунандагонро шоду масрур гардонид.
ДТТ, 19.03.2025