Дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи модар ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни донишҷӯдухтарон ҷарён гирифт. Дар ифтиҳои мусобиқаи мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Боқизода М.Б. ва мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳ Нуралиев З. дар ҳузури ҳамаи дастаҳои волейболбозони духтаронаи факултетҳо иштрок ва суханронӣ намуданд. Сараввал муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаро ба муносибати Рӯзи модар ва Наврӯзи аҷам табрику таҳният гуфта, ба ҳар як варзишгарбону орзӯи муваффақият намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани мусобиқа аз ҳозирин даъват намуд, ки шафофият ва қоидаҳои волейбол риоя карда шавад.
Мусобиқаи варзишии волейбол миёни донишҷӯдухтарон тӯли як ҳафта идома меёбад ва ғолибон муайян карда мешаванд. Дастаҳои ғолиб дар чорабинии тантанавии Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи модар бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.