Муқовимат бо коррупсия омили рушди фардои босаодат

Дар доираи нақша-чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифти зиддикорупсионии кормандону донишҷӯён, санаи 4- уми декабри соли 2024 семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар падполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким, сарнозири муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор Шарифзода И.У. ва Ғафоров Ф.М., мушовирони ректор Тошматов М.Н. ва Сафарзода Ғ.Ғ. мудирони кафедраҳо, мудирони шуъбаҳои Донишгоҳ, ки аъзои комиссияи Стратегия маҳсубанд, ширкат намуданд.
Сараввал, семинарро муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва идеология Шарифзода И.У. кушода эълон гуфта, иштирокунандагонро аз номи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода З.Ф. хайрамақдам гуфт. Зимни суханронии худ муовини ректор Шарифзода И.У. қайд намуд, ки коррупсия амали номатлуби ниҳоят хатарноки ҷомеа буда, барои пешрафти кишвар хатари ҷиддиро ба бор меорад. Бояд ҳар як фарди ҷомеа барои пешгирии ин амали номатлуб саҳми худро гузорад.
Сипас, сухани навбатӣ ба Розиқзода Алихони Абдулҳаким, сарнозири муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, падполковники адлия дар мавзӯи “Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ” вогузор карда шуд. Мавсуф, нахуст дар бораи мафҳуми коррупсия ва оқибатҳои вайронгари ин падидаро зикр намуда, баъдан дар бораи зарурати муборизаи дастаҷамъона ба ин амал, қабули санадҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ташкили ниҳодҳои зиддикарупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анвоъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноие, ки хусусияти коррупсионӣ доранд, ба ҳозирин маълумотҳои заруриро пешкаш намуд. Номбурда дар миёни донишҷӯёну кормандони Донишгоҳ доир ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, даст назадан ба чунин кирдорҳои номатлуб ва дар доираи қонун амал карданро хосатан таъкид намуд.
Баъдан, муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ Ғафоров Ф.М. дар суханронии худ қайд намуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди таълим технологияҳои рақамӣ ва инноватсинии таълимиро роҳандозӣ намудаистодааст. Дар ин самт, инчунин шабакаҳои иҷтимоии Донишгоҳ фаъол буда, чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия ва нашри видеороликҳои тарғиботӣ пайваста инъикос мегарданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба пурсишҳои кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ аз ҷониби корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас дода шуд.

Leave a Reply