МУЛОҚОТИ МАЪРИФАТӢ ВА ИТТИЛООТИИ МАҚОМОТИ ҚУДРАТӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛИ ТАҲСИЛ, САРПАРАСТОН ВА САРДОРОНИ ГУРУҲҲОИ АКАДЕМӢ

Тайи рузҳои 15-ум16-уми октябрисоли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии маърифатӣ ва иттилоотӣ бо иштироки донишҷӯёни соли аввали таҳсил, сарпарастон ва сардорони гуруҳҳои академӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот намояндаи мақомоти амнияти миллӣ- Далери Соҳибназар, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ-Шарифзода И.У. ва рӯзи аввал шумори зиёди донишҷӯёни навҷӯ, рӯзи дуввум бошад, сарпарастон ва сардорони гуруҳҳои академӣ иштирок намуданд.
Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ, Шарифзода И.У., меҳмонон ва донишҷӯёнро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд ва худро аз таъсири ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва фикрҳои носолим эмин нигоҳ доранд. Ӯ қайд намуд, ки тақвияти маърифати сиёсӣ ва ахлоқӣ дар байни донишҷӯён заминаи боэътимод барои рушди шахсият ва муҳофизати ҷомеа аз хатари ифротгароӣ мебошад.
Пасон намояндаи мақомот, Далери Соҳибназар, сухани худро бо пешниҳоди гузориши муфассал доир ба хатари терроризм ва экстремизм оғоз намуд. Ӯ таъкид кард, ки донишҷӯён бояд ҳушёр бошанд ва фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Ҳадафи асосӣ ҳифзи худ ва муҳити атроф аз ин хатари аср мебошад. Далери Соҳибназар ҳамчунин роҳҳои пешгирӣ ва ҳушёрии ҷавононро дар шароити имрӯза шарҳ дод ва донишҷӯёнро ба бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва риояи қонунҳои кишвар даъват намуд.Таъкид гардид, ки сарпарастон ва сардорони гуруҳҳои академӣ дар ин раванд аз худ фаъолияти баланд нишон дода, таъсиргузорӣ намуда, бардоштҳои маърифатии худро аз ин чорабинӣ ба донишҷӯёни дигар расонанд.
Ташкили чунин вохӯрӣ дар назди донишҷӯёни соли аввали таҳсил, сарпарастон ва сардорони гуруҳҳои академӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайриқонунӣ мебошад. Ин мулоқот заминаи муассир барои ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи ҷавонмарди ватандӯст ва бофарҳанг дар муҳити донишгоҳӣ мебошад.