МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ “OFINU – ДОНИШГОҲИ КУШОДАИ ИННОВАТСИЯҲО ДАР ОЗУҚАВОРӢ” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ “ТОҶИКИСТОН – 2025”

Тайи рӯзҳои 13-15-уми ноябри соли ҷорӣ Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2025” дар Маркази намоишгоҳии шаҳри Душанбе “Dushanbe Expo Center” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 60 ширкату корхонаҳо аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Белоруссия, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ молу маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.
Ҳайати кории лоиҳаи “OFINU – Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ” аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва шарикони алоқаманди он аз Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон ва ҶСП “Комбинати шири Душанбе” бо дастгирии Дафтари миллии Эразмус+ дар Тоҷикистон давоми 3 рӯз дар ин чорабинӣ иштирок намуда, ҷиҳати муаррифии ҳадафҳои лоиҳаи мазкур ва раванди озмоишии модулҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои аъзои консортсиуми лоиҳа аз Тоҷикистон маводи чопӣ ва ролики иттилоотӣ-тарғиботии бо забони тоҷикӣ омодашударо пешкаши соҳибкорону иштирокчиёни соҳаи саноати хӯрокворӣ карданд ва ба онҳо моҳият ва манфияти шакли нави таҳсилро фаҳмонданд.
Маврид ба зикр аст, ки соҳибкорону иштирокчиёни намоишгоҳ, инчунин кормандони васоити ахбори умум ба гӯшаи лоиҳа ва муаррифии он аз ҷониби гуруҳи корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, роҳандозии ин шакли нави таҳсилро барои таҳкими ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ ва
ба ин васила баланд бардоштани сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба талаботи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муҳим арзёбӣ карданд.