Аз 8-ум то 11-уми декабри соли 2025 намояндагони Донишгоҳи Казпотребсоюзи шаҳри Қарагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон доктор PhD, дотсент, мудири кафедраи фанҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ Алпысбаева Мадина Боранбаевна ва магистри кафедраи технологияҳои иттилоотӣ Сатымбекова Саида Базарбаевна бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба ва амалӣ намудани лоиҳаи илмӣ-техникии «Моделҳои ҳамкории муассир байни донишгоҳҳо, давлат ва соҳибкорӣ: механизмҳои интиқоли технологияҳо дар иқтисоди рақамии Қазоқистон», инчунин аз наздик шинос шудан бо равандҳои асосии пешбарандаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар доираи шиносоӣ бо Донишгоҳ омӯзгорони хориҷӣ бо роҳбарияти Донишгоҳ мулоқоти судманд гузарониданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар хусуси таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар самтҳои афзалятноки соҳаи саноат ва рушди иқтисодиёт, аз ҷумла истифодаи технологияҳои инноватсионию рақамӣ, зеҳни сунъӣ, биотехнологияҳои коркарди маҳсулоти хӯрока ва ғайра ибрози ақида намуданд.
Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи гузаронидани тадқиқоти илмӣ-техникӣ муҳаққиқон аз парки технологии “Фановар”, кафедраҳои тахассусии факултетҳои технология ва дизайн, технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ, менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ, иқтисодиёт ва молия ва муҳандисӣ-технологӣ дидан намуда, оид ба мавзуи тадқиқот маълумот ва маводҳои заруриро мавриди омӯзиш қарор доданд.