“МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ – КАФИЛИ ДАСТОВАРДҲОИ МЕҲНАТӢ”,

Таҳти ҳамин унвон дастуру супоришҳо аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ба самъи фаъолони Донишгоҳ расонида шуд.
26.01.2025 ректори Донишгоҳ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ вобаста ба натиҷагирӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 аз 23.01.2026 бо муовинону мушовирон, сардорони раёсату идораҳо, шуъбаву бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои Донишгоҳ ҷаласаи корӣ гузаронид.
Зимни суханронӣ ва вазифагузорӣ аз натиҷаи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳама самти фаъолияти Донишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода, муҳлат муқарар шуд. Аз ҷумла, оид ба интизоми меҳнат, масъулияшиносӣ ва натиҷаҳои фаъолияти кории кормандон, назорати иҷрои нақшаҳои кории солона аз ҷониби муовинон, масъулони соҳаҳо, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, махсусан дар самти зеҳни сунъӣ, нигарониҳо аз сатҳу сифати таълим ва омода кардани кадрҳо аз рӯйи ихтисос, пешгирӣ оид ба роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, донистани 2 ва зиёда забонҳои хориҷӣ барои ҳама, ташкили дарсҳои иловагӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар раванди дарсҳо баррасӣ гардид.
Инчунин, нигаронӣ оид ба сифатан ва сари вақт иҷрои Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ, назорати фаъолият ва татбиқи Лоиҳаҳои буҷавӣ ва грантӣ дар ҳама самт, таҳлил ва натиҷагирӣ дар ҷамъбасти ҳар семоҳа, нисбат ба омода намудани кадрҳои техникӣ дар ҳама соҳа, оид ба рақамикунонӣ дар ҳама самтҳо, истифодаи панелҳои офтобӣ дар раванди фаъолият, татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва махсусан рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, оид ба иҷро нашудани нақшаи қабул дар МТОК ва таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ, ҷалби лоиҳаҳои давлатӣ ва грантҳои ғайридавлатӣ, ҳавасмандии шарикони рушд дар ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳо, баланд бардоштани нерӯи илмӣ, гузаронидани курсҳои такмили ихтисос, рушди кадрҳои ҷавони илмӣ, дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фароҳам овардани шароити кории онҳо, иштироки олимони ҷавон ҷиҳати дарёфти Ҷоизаҳои давлатӣ, рушд ва такон бахшидан ба китобхонӣ миёни кормандон, устодон, донишҷӯён ва амсоли ин масъалаҳоро дар самти рушди илму инноватсия таъкид карданд.
Вобаста ба пешгирии омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон оид ба шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ, идеологӣ ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани корҳои тарғиботӣ вобаста ба бемориҳо бо кормандони соҳаи тиб, пешгирии ҷавонон ҷиҳати иштирок дар марказҳои дилхушӣ ва интернетӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои изофанависӣ дар иҷрои корҳо, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, вусъати корҳои ободонию сабзкорӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва дар давоми сол ба вазъи шиору овезаҳо, навиштаҷотҳо, ранги биноҳо диққати ҷиддӣ дода, оид ба омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими миллию давлатӣ, дар сатҳи баланд доир намудани ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар доираи истиқболи сазовор аз 35- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, бо таҳияи нақша-чорабиниҳои иҷрои дастурҳо аз Паёми Пешвои миллат, дастурҳои ҷиддӣ дода, корбарӣ тақвият дода шавад, -таъкид намуданд ректори Донишгоҳ.

Leave a Reply