Машварати судманд

Санаи 21 январи соли 2025 бо ибтикори Иттифоқи касабаи ДТТ якҷо бо Бахши ҳифзи меҳнат, идораи хоҷагию маъмурӣ ва мутахассиси техникаи бехатарӣ аз сӯхтор дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳ бо иштироки кормандони хоҷагидорӣ ва хадамоти бехатарӣ ҷаласа оид ба омӯзиши нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 декабри соли 2024 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фаъолиятҳо дар соҳаи маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар самтҳо доир карда шуд.
Сипас, аз рӯйи масъалаи дуюми ҷаласа сардори бахши ҳифзи меҳнат Тағойназарзода Ф.Ш. дар бораи риояи қоидаю меъёрҳои ҳифзи меҳнат, омӯзиши усулҳои бехатарӣ, дастурдиҳии ибтидоӣ, муқадимавӣ, такрорӣ, ғайри нақшавӣ ва мақсаднок бо маърӯза ба кормандон таъкидҳо намуданд.
Зимни ҷаласа кормандон оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва риояи қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва сӯхтор саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххасу қаноатбахш гирифтанд.