Маросими ҷоизаисупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024”

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон вобаста ба рушди сармояи зеҳнӣ, ташаккули иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ихтироъкорӣ байни ҷавонону наврасон ироа намуданд, санаи 29 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон” барои солҳои 2023-2024- баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаматзода Зулфия, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бодушорзода Мералӣ, ноиби Президенти Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё Рябоволов Владимир Анатолевич, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ иштирок намуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар он иштирок намуда, ғолиби ҷойи якум ва нишони МД Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Инҳо:
* Шарифова Мавзуна Баҳриддиновна – мудири кафедраи химия, ғолиби ҷойи якум дар номинатсияи “Ихтироъкори беҳтарин” (аз 30 сола боло),
* Икромӣ Муҳаббат Бобо – и.в. профессори кафедраи химия, сазовори нишони МД ММПИ-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
* Назаров Шӯҳратҷон Абдуғуломович – дотсенти кафедраи технологияи истеҳсоли маводи хӯрока, сазовори нишони МД ММПИ-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар намоишгоҳи чорабинӣ донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ стартапҳо ва дастовардҳои инноватсионии худро дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба маърази меҳмонон ва иштирокчиён пешниҳод намуданд.

Leave a Reply