15- ноябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушди маориф ва ҷавонон» баргузор гардид.
Дар кори конфренсия меҳмонон устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар кори конфренсияи мазкур Раҳмонзода Зоир Файзалӣ — Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
Мавсума Муинӣ — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Гулаҳаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад — раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш;
Рафиқа Мусоева — собиқ вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ;
Доктор, Муҳаммад Абдулҳусейн — шоир, оҳангсоз ва устоди Донишгоҳи Теҳрон ширкат ва суханронӣ карданд.
Чорабинӣ бо суханронии Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ оғоз гардид. Ӯ меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи давлатӣ ва барқарорсозии сулҳу осоиштагии миллӣ нақши ҳалкунанда бозидаанд.
Мавсуф зикр кард, ки маҳз фазои орому созандаи имрӯза имконият медиҳад, ки соҳаи маориф босуръат рушд намояд, муассисаҳои таълимӣ ба стандартҳои нав мутобиқ гарданд ва ҷавонон ба илму техника ҷалб шаванд. Ӯ афзуд, ки Пешвои миллат маорифро асоси пешрафти давлат дониста, ҳамеша ба болоравии сифати таълим, ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон аҳамияти махсус медиҳанд.
Дар идома, Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, дар баромади худ сиёсат ва стратегияҳои миллии Пешвои миллатро дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, рушди захираҳои инсонӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон муҳим арзёбӣ кард.
Ӯ таъкид намуд, ки ислоҳоти соҳаи маориф, дастгирии духтарону ҷавонон ва ташаббусҳои созанда дар солҳои истиқлолият ба рушди босуботи кишвар замина гузоштаанд.
Сипас, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, саҳми Пешвои миллатро дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон назаррас хонд. Ӯ аз квотаҳои президентӣ, таъсиси марказҳои ҷавонон, сохтмони майдонҳои варзишӣ ва барномаҳои дастгирии иқтидори зеҳнии ҷавонон ном бурд.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷавонони тоҷик бо шарофати сиёсати дурусти Пешвои миллат имконият доранд дар арсаҳои илм, варзиш, технология ва созандагӣ комёбиҳои назаррас ба даст оранд.
Боиси зикри хос аст, ки Рафиқа Мусоева, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии XVI, дар сухани пурэҳсоси худ ёдовар шуд, ки маҳз он иҷлосияи тақдирсоз роҳро барои сулҳу ваҳдат ва эҳёи давлатдории тоҷикон боз кард.
Ӯ иброз дошт, ки Пешвои миллат Тоҷикистони аз ҷанг гузашта ва парокандаро ба кишвари соҳибсубот, муттаҳид ва рӯ ба рушд табдил доданд ва имрӯз ҳар комёбии кишвар натиҷаи он иқдоми таърихист.
Доктор Муҳаммад Абдулҳусейн, шоир ва устоди Донишгоҳи Теҳрон, аз дастовардҳои фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистони муосир ситоиш намуда, Пешвои миллатро шахсияти тамаддунсоз унвон карда қасидаи зебои худро дар васфи пешвои имиллат қироат намуд, ки бисёр таккондиҳанда ва муассир буд.
Ӯ таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангсолорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаи минтақа табдил додааст.
Дар доираи чорабинӣ меҳмонон, як қатор устодон, омӯзгорон ва кормандони фаъоли донишгоҳ барои фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар корҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва амалӣ бо Ифтихорномаҳо, Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Дониршгоҳ ва вазоратҳои марбута қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона, меҳанпарастона, васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сарояндагони ҳирфаии ансамбли «Зуҳал» идома ёфт, ки ба чорабинӣ рӯҳияи баланди идона бахшид.
Дар фарҷоми конфренсия таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф, илм, ҷавонон ва фарҳанг имрӯз ба рушди устувори ҷомеа мусоидат намуда, барои насли нав умеду имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Чунин ҳамоишҳо минбаъд низ ҳамчун платформаи муфид барои таҳқиқи масъалаҳои рушди давлатдорӣ ва тарбияи ҷавонони босавод идома хоҳанд ёфт.

