Санаи 17-уми сентябри соли ҷорӣ, дар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 тасдиқ гардидааст ва бо мақсади иҷрои банди 20-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14-уми феврали соли 2025, №78 “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2025” ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ки таҷассумигари фарҳангу оини миллати тоҷик ба шумор меравад, дар муассисаи давлатии Боғи “Садриддин Айнӣ” Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ, зери унвони “Ганҷинаи мерос” баргузор гардид. Дар робита ба мактуби мазкур зиёда аз 100-нафар донишҷӯдухтарони Донишгоҳ бо бар намудани либосҳои миллии минтаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар баргузории фестивали болозикр симои дигаре зам намуданд. Мақсад аз чорабиниҳои зикргардида, ташвиқу тарғиби либосҳои миллии тоҷикон ба шумор рафта, бар ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати занону бонувон маҳсуб меёбад.

