Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қутбнамо ва муайянкунандаи самтҳои асосии давлатдории навини Тоҷикистон мебошад, ки дар эҳёи фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ ва умуман дар эҳёи давлатдории миллӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ин навбат низ мо – мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он гардидем, ки самтҳои асосӣ, афзалиятҳои миллӣ ва афзалиятҳои стратегии кишвар барои таъмини рушди минбаъдаи Тоҷикистон маҳаки асосии Паём буданд ва дар татбиқи онҳо ҳар шаҳрванди кишвар бояд бо ҳисси баланди ватандорӣ талош намояд.
Таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф аз самтҳои асосию афзалиятноки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат буда, ниҳоят ба маврид оид ба рушди соҳа ва банақшагирии фаъолиятҳо дар ин самти калидии кишвар иброз намуданд, ки: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.
Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд.
Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд.
Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.»
Дарвоқеъ, ҷаҳони пуртағйири муосир, ки маърифат, технология ва рақобати зеҳнӣ ҷойи аввалро ишғол кардаанд, мавқеи илму маориф дар ҳаёти ҳар як давлат беш аз пеш муҳим мегардад. Барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ бе ҳамгироии муназзами низоми илмию таълимӣ ва сиёсати давлатӣ имконнопазир аст. Аз ҳамин ҷиҳат илму маориф на танҳо як соҳаи иҷтимоӣ, балки меҳвари сиёсати миллӣ, такягоҳи устувории давлатдорӣ ва қувваи муҳаррикаи пешрафти ҷомеа ба шумор меравад.
Рушди ҳар кишвар пеш аз ҳама ба сифати нерӯи инсонӣ бастагӣ дорад. Ин нерӯ танҳо дар натиҷаи таҳсилоти муассир, омодасозии мутахассисони босавод, тарбияи ҷавонони таҳлилгар ва донишандӯз ба даст меояд. Давлатҳое, ки ба рушди маориф аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд, мисли Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Финландия, Ҷопон ва Чин дар муддати кӯтоҳ ба пешрафти бесобиқа ноил шудаанд.
Дар Тоҷикистон низ бо дарки ҳамин қонунмандиҳои ҷаҳонӣ, илму маориф дар сиёсати давлатӣ дар сатҳи афзалиятнок қарор гирифтааст. Сармоягузорӣ ба таълиму тарбия, омода кардани мутахассисони маҳаллию байналмилалӣ, рушди мактабҳои замонавӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор далели равшани ин рӯшд мебошад.
Маориф танҳо омӯзиши фанҳо нест ин раванди тарбия, худшиносӣ ва шаклгирии ҷаҳонбинии насли нав мебошад. Кишваре, ки маорифи муосир ва мутамаддин дорад, ҷомеаи хирадманду созанда месозад. Маҳз тавассути таълим арзишҳои милливу умумибашарӣ таҳким ёфта, худшиносии миллӣ ташаккул меёбад, ҳисси ватандорӣ ва масъулият баланд шуда, фарҳанги муколама, таҳаммулпазирӣ ва тафаккури интиқодӣ дар ҷомеа рушд меёбад. Аз ин рӯ, метавон қайд кард, ки маориф таҳкурсии суботи сиёсӣ ва ҷомеаи мутамаддин шумурда мешавад.
Яке аз мушкилоти давлатҳои рӯ ба тараққӣ вобастагӣ ба захираҳои табиӣ аст. Вале таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот мекунад, ки рушди дарозмуддат танҳо бар пояи илм ва технология имконпазир аст. Аз ин рӯ, метавон гуфт илм имконият медиҳад, ки дар шароити имрӯза истеҳсолот беҳтар шавад, иқтисод рақобатпазир гардада, захираҳои табиӣ оқилона истифода шаванд, ба рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва тиб шароити муосир муҳайё гардида, ҷомеа ба иқтисоди донишбунёд дастёбад шавад. Дар шароити имрӯза таҳқиқоти илмӣ, лабораторияҳои муҷаҳҳаз, дастгирии олимони ҷавон, барномаҳои инноватсионӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот дар сиёсати давлатӣ мебояд ҷойгоҳи хоса дошта бошад.
Бояд дарк намуд, ки илму маориф омили асосии пешрафти ҷомеа мебошад. Бо илму маориф мешавад ҷавонони соҳибкасб, муҳандисони бомаҳорат, иқтисоддонҳои навовар ва омӯзгорони боистеъдодро тарбия кард. Асосан ҳамин нерӯ иқтисоди кишварро дар имрӯзу ояндаи кишвари азизамон ба пеш мебарад. Дар замони ҷаҳонишавӣ кишвари дорои маорифи муназзам аз таҳдидҳои бегона, идеологияҳои ифротӣ ва бесаводию нодонӣ эминтар аст. Ҳамзамон, ҷойи қайд аст, ки иқтисоди муосир ба технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномаҳои рақамӣ такя мекунад. Ин ҳама аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва донишгоҳ оғоз меёбад. Дониста бошем, кишваре, ки маорифи тавоно дорад, метавонад бо ҷаҳон ҳамқадам шавад, сармоя ҷалб кунад ва моделҳои инноватсиониро ворид созад.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муоссир барои тақвияти ҷойгоҳи илму маориф дар рушди устувор, чанд самти муҳим бояд пайгирӣ шавад. Аз ҷумла, рақамикунонии пурраи низоми таълим, навсозии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, омодасозии кадрҳои муосири педагогӣ, тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот, таҳия ва дастгирии стартапҳои илмӣ-технологӣ, баланд бардоштани мақоми олим ва омӯзгор, дастгирии истеъдодҳо ва ҷавонони соҳиби қобилияту навовар.
Дар шароити ниҳоят мурракаби ҷаҳони муосир, муборизаву бархӯрдҳо имрӯз соҳаи илму маориф барои Тоҷикистон танҳо як соҳаи иҷтимоӣ нестанд. Онҳо меҳвари сиёсати давлатӣ, такягоҳи рушди устувор, заминаи суботи миллӣ ва қувваи асосии пешрафти ҷомеа ба шумор мераванд. Давлате, ки ба илм ва маориф такя мекунад, ояндаи худро муҳофизат менамояд, иқтисоди худро тавоно месозад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо мекунад. Бо пайгирии сиёсати пешгирифтаи давлат ва талоши аҳли маорифу илм, Тоҷикистон метавонад дар солҳои наздик ба ҷомеаи донишбунёд, иқтисоди инноватсионӣ ва кишвари рақобатпазири минтақавӣ табдил ёбад.
Асомуддини А., мудири кафедраи
Фанҳои гуманитарӣ

