Вохӯрии навбатӣ бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалии Донишгоҳ оид ба татбиқи стратегияҳои кабулгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сардори шуъбаи татбиқи сратегияҳои Донишгоҳ Иброҳимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар стратегия, консепсияву барномаҳои давлатӣ ва татбиқи онҳо маълумоти мухтасар дод.
Дар баромади худ мавсуф, ба мазмуну мундариҷа ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 диққати махсус дода, дар бораи ҷиҳатҳои манфии амалҳои коррупсионӣ, бахусус дар соҳаи маориф ва пешгирӣ намудани онҳо суханронӣ намуд.
Сармутахассиси шуъба Ҳасанов А.Р. дар баромади худ оид ба амалишавӣ ва моҳияти “Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муфассал маълумот дод.
Дар интиҳо омӯзгорону донишҷӯён аз масъулин ба саволҳои худ посух гирифтанд.
ДТТ, 28.03.2025