Идораи равобити хориҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба диққати донишҷӯён, аспирантҳо, докторантон (PhD) ва мутахасисони ҷавони донишгоҳ мерасонад, ки Ассостсиатсияи Тоҷикистон оид ба мубодилаи донишҷӯён барои таҷрибаомӯзии техникӣ – IAESTE озмун барои гузаштани таҷрибаомӯзии тобистона дар соли 2026 эълон намудааст.
Хоҳишмандон барои иштирок дар озмуни мазкур бояд резюме (CV)-и худро бо забони англисӣ ба суроғаи электронии Ассостсиатсия iaeste@inbox.ru ирсол намоянд. Резюме (CV) бояд маълумот оид ба таҳсил, ихтисос ва малакаи касбиро дар бар гирад. Мӯҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди резюме (CV) 30 сентябри соли 2025, то соати 17.00 мебошад. Резюме (CV), ки пас аз мӯҳлати муайяншуда пешниҳод мешавад, баррасӣ намегардад.
Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба веб-сайти Ассостсиатсия ташриф оваред: www.iaeste.tj ва ё бо тел.: +(992) 92 777 83 89 тамос гиред.
Инчунин ба Идораи равобити хориҷии донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Тамос бо тел.: (234-59-27)
E-mail: x_teshaev@yahoo.com, bashir_okhunov@mail.ru, nazarovshuhratjon@gmail.com

