Санаи 04.04.2025 дар толории асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳамрайъӣ аз Эъломияи Хуҷанд: дӯстии абадӣ – омили осудаҳолӣ ва рушди кишварҳо” бо иштироки васеи роҳбарони мақомоти давлатӣ, коршиносони соҳа, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, Неъматзода Маликшоҳ Маҳмадшоҳ – муовини якуми Раиси ҲХДТ, Муинӣ Мавсума Муинзода – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Сафарзода Дилшод Ғанӣ – Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Абдулло Раҳнамо – сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги милии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоҳиён Абдураҳим- Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуда, саривақтӣ ва мубрам будани ҳамоиши мазкурро арзёбӣ намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ меҳмонони олиқадр ва дигар иштирокдоронро хайра мақдам гуфта қайд намуд, ки ҳамоиши имрӯза дар партави баргузории чорабинии муҳим-саммити сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки санаи 31-уми март дар шаҳри бостонии Хуҷанд сурат гирифт, баргузор мегардад. Мавсуф афзуд, ки ҳафтаи сипаригашта дар баробари ҷашнгирӣ аз Идҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сатҳи баланд, сарони давлатҳои ҳамсоя, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров баргузор шуд. Басо рамзист, ки созишномаи мазкур дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз иттифоқ афтод. Наврӯзи оламафрӯз, ки бунёдашро хирадмеҳварӣ ва ҳамбастагиву зиндагидӯстӣ ташкил медиҳад, дар фарҳанги ҳар се кишвар ифодакунандаи сулҳу субот, дӯстиву ҳамдилӣ ва рафоқат маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки музокироти сеҷониба ва маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дорои аҳамияти баланди сиёсӣ ва таърихӣ аст.
Ба ибораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони се кишвари ҳамсоя ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд”.
Дар идома Неъматзода Маликшоҳ Маҳмадшоҳ – муовини якуми Раиси ҲХДТ тазаккур дод, дар ин, руйдоди фараҳбахши таърихӣ, ба имзо расонидани як чанд санадҳои муҳими таърихӣ аз ҷониби сарони давлатҳо доир гардид, ки имрӯз дар тамоми расонаҳои давриву хабарии байналмиллалӣ чарх задаистода, вирди забонҳо гашта, бо итминин изҳор медорам, ки ин иқдоми навбатии башардӯстонаи Пешвои маҳбуби миллати мо дар таърихи навини кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт.
Сипас, Сафарзода Дилшод Ғанӣ – Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ёдовар шуд, ки дар таърихи навини Осиёи Марказӣ ин эъломия назир надорад, ва аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ баҳои мусбат гирифт аст. Имзои созишномаи сарҳадӣ ва ҷашни муштараки Наврӯз дар муносибатҳои байни кишварҳои минтақа, ки ба дӯстии чандинасра ва анъанаҳои муштараки фарҳангӣ асос ёфтаанд, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо саҳифаи нав мекушояд.
Ҳамчунин Абдулло Раҳнамо – сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги милии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Эъломияи Хуҷандро барои кишварҳои минтақа аз назари илми сиёсатшиносӣ дар чор банд возеҳу равшан баён намуд. Инчунин изҳор дошт, ки имрӯз ҳама талошҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро ҳар яки мо пурра ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда истифода бурда тавонем. Маҳз рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории зичи мардумону давлатҳои ҳамсоя дар ҳамаи соҳаҳои манфиатҳои муштарак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар фарҷоми ҳамоиши болозикр, Абдуллои Раҳнамо бо медали ҷашнии 30-солагии ҲХДТ, ки аз тарафи Кумитаи марказии ҲХДТ қадрдонӣ шудааст ва як қатор кормандону омӯзгорони фаъол бо ифтихорномаҳову сипосномаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони саноати Тоҷикистон “Тоҷиксаноат” ва Донишгоҳои технолгии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.