Гузариш ба низоми рақамикунонӣ: дар ҳошияи паём

Дар таърихи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ – мақоми олии қонунгузори мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву хуқуқӣ, маънавию фарҳангии ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни ироаи Паём, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодии мамлакат хоса буда, вазорату идораҳои дахлдорро муваззаф гардониданд, ки рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ин нуқтаи назарро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои Паём иброз доштанд.
Ҷиҳати амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад.
Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.
Қайд карда шуд, ки Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат хосатан таваҷҷуҳ намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар ин росто, Сарвари давлат дастур доданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.
Бо ин ҳадафҳо, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президент таъсис дода шавад. Ибтидои соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Аз ҷониби ин ниҳод алакай корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, раванди рақамикунонӣ, пайванди инноватсия бо истеҳсолот бо маром идома дорад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ташкил ва баргузор намудани нахустин Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ», ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҳукумати электронӣ, аз ҷумла хизматрасонии электронии давлатӣ, идоракунии рақамӣ дар мақомот, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори ҳаëтан муҳими телекоммуникатсионӣ, саводнокии рақамӣ ва дастрасӣ ба интернет, инчунин усулҳои глобалӣ ва миллии идоракунии рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати дарёфти имконияти тақвияти ҳамкории соҳавӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионию рақамӣ, нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» бо мақсади муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла технологияи молиявӣ, таъмини амнияти киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар баргузории форум имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасонии молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Пеш аз баргузории форум Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар моҳи ноябри соли 2024 Ҳафтаи инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистонро ташкил намуд, ки давоми ҳафта дар мақомотҳои давлатӣ, бонкҳо, IT паркҳо, фондҳо дар соҳаи IT, стартапҳо, академияҳо, донишгоҳҳо ва бахши хусусӣ гуфтушунидҳо барои муҳокима ва татбиқи ғояҳо (замина) амалинамоии раванди гузариши рақамӣ ва инноватсия, чорабиниҳо дар самти рушди хизматрасонии давлатии электронӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори пардохт, тиҷорати электронӣ, финтех, киберамният, инчунин ташкили паркҳои технологӣ ва иттилоотӣ баргузор гардиданд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ гарданд».
Соҳаи маориф ва илм дар меҳвари асосии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рақорбатпазири мутобиқ ба талаботҳои бозори меҳнат яке аз вазифаҳои авлавияти муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ дар самти омодасозии кадрҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Қайд гардид, ки илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд. Вобаста ба ин зимни ироаи Паём дастур доданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд.
Дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шудаанд. Илова бар ин, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ” қабул гардидааст. Ин барномаву консепсияҳо ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷалби сармояи хориҷӣ равона шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Шурои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, чунин иброз доштанд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ карда шаванд».
Ҳамин тавр, ташаббусу иқдомҳои беназир ва дастуру супоришҳои мушаххаси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ байён намуданд, ҳамагонро водор месозад, ки баҳри иҷрои вазифаҳои гузошташуда масъулияти баландро касб намуда, дар рушди устувори Тоҷикистони азиз талош варзанд.
Дар маҷмӯъ, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ё “диҷитализатсия”, як равандест, ки дар он истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инфрасохторҳои рақамӣ барои беҳтар кардани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, идоракунӣ ва муомилот дар кишвар таҳким меёбад. Ин раванд на танҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, балки дар тамоми ҳаёти иҷтимоии кишвар низ нақши муҳим дорад.
Ф.М. Ғафоров,
муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон