Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ санаи 10-уми феврали соли 2026 вохӯрии маҷозии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, д.и.и., и.в. профессор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо Директори Маркази байналмилалии робитаҳои фарҳангӣ (Малайзия) ICCCM доктор Луи Кхуи Анн, муовини директори маркази номбурда Бенҷамин Ёнг, Эдвайзери Марказ доктор Заки ва Ҳамоҳангсозӣ минтақавии Маркази ICCCM Насридин Аслидин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла омодасозии мутахассисони соҳаҳои техникӣ ва технологӣ, рушди робототехника ва зеҳни сунъӣ, омӯзиши забони чинӣ, густариши табодули академии устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки татбиқи чунин ҳамкориҳо ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии донишҷӯёну омӯзгорон ва мутобиқгардонии низоми таълим ба талаботи ҷаҳони муосир хуб мусоидат менамояд.
Аз ҷониби Раҳмонзода З.Ф. самтҳои ҳамкории байналмилалии Донишгоҳ вобаста ба мавзуҳои зикршуда пешниҳод карда шуда, таъкид гардид, ин ҳамкориҳо дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вабаста ба солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар донишгоҳ ба роҳ монда шуда, рӯз аз рӯз густариш ёфта истодааст.
Қайд шуд, ки ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, пешбурди ташаббусҳои инноватсионӣ ва муҳайё сохтани имкониятҳои васеъ ҷиҳати таъсиси лабараторияҳои муосири соҳавӣ дар самти ТИК, робототехника, зеҳни сунъӣ ва инчунин таъсиси маркази забони чинӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар анҷоми вохӯрии маҷозӣ ректори Донишгоҳ ба мувофиқа расидани ҷонибҳоро оид ба таъсиси лабораторияҳои муосири соҳавӣ ва маркази забони чинӣ ҳамчун қадами муҳим дар самти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуд.
Инчунин, шартномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳ ва Маркази байналмилалии робитаҳои фарҳангӣ (Малайзия) ICCCM ба имзо расонида шуд.

