Дар донишгоҳ олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ баргузор гардид

Аз 12-уми ноябр то 25-уми ноябри соли 2024 тибқи супориши ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар вохӯрӣ бо гурӯҳҳои олимпӣ, ки санаи 2-юми ноябр доир гардид, дар Донишгоҳ аз рӯйи 15 фан олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ баргузор гашт.
Ҳадаф аз баргузории озмунҳо ин ҷалб намудани донишҷӯёни фаъол барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Ҳуқуқдони беҳтарин”, олимпиадаҳои фаннӣ, аз ҷумла олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва дигар озмунҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар олимпиадаҳо 349 донишҷӯ ширкат намуда, аз ин теъдоди 120 нафар ғолибият ба даст оварданд, ки аз ҳисоби онҳо гуруҳҳои олимпӣ ташкил карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тамоми шароитҳои моддӣ-техникӣ муҳайё буда, нерӯи зеҳнии он низ баланд мебошад. Дар ин радиф нақши олимону донишмандон ва кормандони Донишгоҳ назаррас буда, умед аст, ки дар оянда шогирдони онҳо дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Leave a Reply