ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-МАЪРИФАТӢ ДАР ДОИРАИ ОМӮЗИШ ВА БАРРАСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Санаи 13 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ дар доираи омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки меҳмонон аз Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ Полковники милитсия Ҷумъазода Орзу Усмон,, Ғафурзода Субҳон Юсуф- Майори милитсия, Шарифзода Исомуддин Умар-муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ, устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И. У. ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро барои марҳилаи минбаъда муайян менамояд. Зикр гардид, ки омӯзиши амиқи нуктаҳои Паём барои ҳар як корманду донишҷӯ аҳаммияти калидӣ дошта, ба баланд гардидани маърифати сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
Дар идома Полковники милитсия Ҷумъазода Орзу Усмон вобаста ба муҳтавои Паём суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми солонаи Президенти мамлакат ҳуҷҷати барномавӣ ва роҳнамои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолият, таъмини амнияту субот, мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ифротгароӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Қайд гардид, ки барои кормандони мақомоти милитсия иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб вазифаи муқаддас ва масъулияти касбӣ мебошад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҷаҳонбинии сиёсӣ, боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён андешаҳои худро доир ба нуктаҳои асосии Паём баён намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлат дар фаъолияти касбӣ ва таҳсил изҳор доштанд.
Чорабинӣ дар фазои озоду созанда ҷамъбаст гардида, бори дигар аҳаммияти омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун санади муҳимми стратегии рушди кишвар таъкид намуд.

Leave a Reply