Санаи 5-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест» баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва ҳайати васеи устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Сафарзода Дилшод Ғанӣ, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қайд кард, ки Истиқлолият беҳтарин ва бузургтарин неъматест, ки миллати тоҷик ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро таҳким бахшида, асосҳои давлати миллӣ гузошта шуданд. Маҳз истиқлолият ба мо имконият дод, ки соҳиби рамзҳои давлатӣ, артиш ва сиёсати мустақили миллӣ гардем. Ҳамчунин номбурда дар бораи дастовардҳои пойтахт дар замони истиқлол суханронӣ намуд.
Дар идома, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ меҳмонону ҳозиринро хайра мақдам гуфта, ба 34 умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрик намуда, доир ба таърихи давлатдории тоҷикон ва саҳми Пешвои муаззами милат дар такими истиқлоли давлатӣ ва рушду пешрафти кишвар махсус зикр намуда, чунин иброз дошт, ки миллати тоҷик таърихи давлатдории чандинҳазорсола дорад. Истиқлолияти соли 1991 имкон дод, ки мо бо такя ба анъанаҳои давлатдории худ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари озод ва пешрафта муаррифӣ намоем. Ба шарофати истиқлол даҳҳо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ таъсис ёфта, ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи кишвар имконияти таҳсил пайдо карданд. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ самараи ҳамин давраи пурфайз аст. Қайд гардид, ки воқеан ҳам, Истиқлолият тантанаи хираду андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик ба шумор рафта, маҳз бо шарофати он Ватани маҳбуби мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мақому ҷойгоҳи хоссаи худро пайдо намуд ва бо қадамҳои устувор ба сӯи фатҳи қуллаҳои мурод ва соҳиб гардидани комёбиҳои нав ба нав пеш рафта истодааст
Номбурда зикр кард, ки набояд фаромӯш созем, ки Истиқлолияти давлатии мо осон ба даст наомадааст, он натиҷаи кушишу талошҳо ва ҷоннисориҳои мардуми мо аст. Бахусус бомдоди истиқлол, ки бо кашмакашиҳои сиёсиву ҷанги шаҳрвандӣ вориди кишвари мо гардид, таҳдиди амиқе буд барои нобудии миллати мо, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатар рафъ гардид. Аз ин рӯ мафҳуми сулҳ, ки барои мардуми сайёра, алалхусус, тоҷикистониён арзиши баланд дорад, беҳтарин неъмат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо дарназардошти муҳиммияти ин нукта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: “Мо бояд Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем”. Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Чунки агар Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ намебуд, мо ба имрӯзи пурсаодат ва ягон хел дастовард соҳиб намегардидем. Аз ин рӯ мо устодону насли калонсолро зарур аст, ҳамеша фарҳанги сулҳро миёни насли ҷавон таблиғ намоем.
Дар идома зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, зиндагии мардум боз ҳам хубтар ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамаҷониба рушд карда, сатҳи ва симои онҳо ба куллӣ дигаргун шуданд. Бахусус, пойтахти кишварамон Душанбешаҳр таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ободу зеботар гардида, ба яке аз шаҳрҳои рушдкардаи сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Бешак, имрӯз Душанбе аз диди дилрабоӣ ва ҳуснафзоӣ на камтар аз пойтахтҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аст. Аз нуқтаи назари сиёсӣ бошад, ба яке аз марказҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар ин бобат саҳми шаҳрдори он муҳтарам Рустами Эмомалӣ беназир аст.
Ҳамчунин мудири кафедраи назарияи иқтисод ва иқтисоди рушди Донишгоҳ профессор УсмоноваТуҳфа Ҷумъаевна маърӯза намуда, дастовардҳои иқтисодии кишварро чунин тавзеҳ дода, зикр кард, ки дар тӯли 34 соли истиқлол иқтисоди миллии Тоҷикистон чандин маротиба рушд карда, сатҳи ММД сол то сол боло меравад. Ҳазорҳо корхонаҳои хурду миёна таъсис ёфта, имкониятҳои соҳибкорӣ афзоиш ёфтанд. Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки истиқлолият иқтисоди миллиро аз нав эҳё кард.
Баъдан, мутахассиси соҳаи саноат профессор Иброҳимов Холназар Исломович дар бораи имкониятҳои васеи кишвар дар соҳаи саноати сабук ва нассоҷӣ маърӯза ироа намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон бо доштани пахта ва нахи босифат аз имкониятҳои беҳамто бархурдор аст. Дар даврони истиқлол даҳҳо корхонаҳои коркарди пахта фаъол гардиданд. Имрӯз маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии мо ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёфтааст. Ин дастовард танҳо ба шарофати истиқлол ва сиёсати давлатӣ дар самти саноатикунонии босуръат имконпазир гардид.
Дар охири қисмати расмӣ зикр карда шуд, ки ҳамаи андешаҳои имрӯз як ҳақиқатро собит месозанд, ки истиқлолият неъмати бузург ва бебаҳоест, ки онро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Бигзор парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад ва сулҳу ваҳдату пешрафт ҳамеша насиби мардуми тоҷик гардад.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. бо ифтихорномаи МИҲД н. Фирдавсии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд, инчунин як қатор омӯзгорону кормандони хоҷагидорӣ бо ифтихорномаву маблағҳои пулӣ барои саҳм гузоштан ба пешрафту рушди Донишгоҳ , ҳамзамон барои тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи он қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои идона баргузор шуда, бори дигар дастовардҳои замони истиқлол ва ҳам аҳамияти таърихиву фарҳангии он ба донишҷӯён ва устодон дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ гардиданд.


