

Санаи 1-уми сентябри соли равон дар ҳошияи Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Рӯзи Дониш” ва “Дарси сулҳ” дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан” бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бевосита муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Саиднуриддинзода Аҳлиддин ва Шарифова Дилафрӯз сардори шуъбаи муассисаҳои илмию таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Саиднуриддинзода Аҳлиддин табрикоти Пешвои муаззами миллатро ба саҳми устодону донишҷуён расонида, таъкид намуд, ки Президенти кишвар маҳз маориф ва илмро дар мақоми аввал гузошта, ба тамоми донишҷуёну хонандагон муроҷиат намуда, зикр кард, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ кӯшиши ҳамаҷонибаи худро ба харҷ диҳанд. Сардори шуъбаи муассисаҳои илмию таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифова Дилафрӯз табрикоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабирро ба саҳми ҳозирин рапсонид. Инчунин, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ баромад намуда, сараввал тамоми кормандону донишҷуёни Донишгоҳро ба “Рӯзи Дониш” ва “Дарси сулҳ” табрику таҳният намуд. Қайд карда шуд, ки барои миллати мо ҳамеша донишу хирад, аслу ҷавҳари миллӣ маҳсуб аст, маҳз ба воситаи донишу хирад миллати мо дар дарозои таърих мондагории хешро ҳифз намуда, ҳамчун муаллими башарият эътироф гардидааст. Ҳамин нуктаро ба ҳисоб гирифта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳро худашон багузор менамоянд.
Ҳадафи Пешвои муаззами миллат ва паёмашон аз баргузории ин рӯзи саид дар он ифода мегардад, ки воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони ватани азизамон – Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату душвориҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба даст оварданд.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми сазовори хешро гузоранд.
Ҳадафи дигар ин аст, ки ҷаҳони имрӯзаро бидуни рушди илму маориф тасаввур кардан ғайриимкон аст. Танҳо илму дониш аст, ки ҳамчун заминаи устовор ва қудрати миллӣ давлат-миллатҳоро таҳким бахшида, онҳоро дар рақобатҳои гуногун тобовар месозад.
Ҳамчунин ректор зикр намуд, ҷиҳати омодагӣ ба Рузи дониш ва таҷлили 34 солагии Истиқлолияти давлатӣ раёсати Донишгоҳ нақша чорабиниҳо таҳия намуда, биноҳо, хобгоҳ, парки технологӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ, саҳни донишгоҳ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонида шудааст ва барои қабули донишҷуён ҳаматарафа омода мебошад. Дар фарҷоми чорабинӣ махсус қайд карда шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат фаъолияти худро ба роҳ монда, мутахассисони ҳирфавӣ ва рақобатпазир барои бозори меҳнат омода намуда истодааст. Ва ҳамин тавр ҳамаи мо вазифадорем барои гул-гул шукуфоии Тоҷикистони азизу маҳбуб саҳми босазои худро гузорем.
