Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии тоҷикстон таҳти унвони “артиши миллӣ – кафили сулҳу суботи кишвар”

Санаи 22-юми феврали соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишгоҳ дар толори асосӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанвӣ ва фарҳангӣ фароғатӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ- кафили сулҳу суботи кишвар” бо иштироки ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф., устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва омӯзгорони Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбеи назди ДТТ баргузор гардид.
Нахуст ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳозиринро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният намуда зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ-Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ кард. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи шадиди бархурдҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷиҳати зарурати ҳимояи сохти конститутсионӣ, якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар чӣ тезтар бартараф намудани хатари пошхӯрии давлатдории тоҷикон таъсис дода шуд. Бахусус пас аз баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарияти нави кишвар интихоб гардиданд, ҳифзи давлату миллат зарурияти таъсиси ин ниҳодро тақозо менамуд. Бо назардошти чунин зарурат дар шароити ниҳоят вазнини сиёсию иқтисодӣ ва ҳатто маънавӣ, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мавсуф тазакур дод, ки бо итминону боварӣ гуфта метавонем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар таъмин намудани оромишу сулҳу субот ва истиқлолияту амнияти миллӣ чун сипари боэътимоди давлат вазифаи ҷонии худро сарбаландона адо менамоянд ва ин шуҷоату мардонагиро дар рӯҳияи ҷавонони мамлакат бедор месозанд. Мо низ ҳамчун афсарони эҳтиётӣ бояд ҳамеша барои дифои марзу буми кишвар дар омодагӣ қарор дошта бошем ва дар лаҳзаи зарурӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна хавфу хатар зери парчами Тоҷикистони азиз саф ороем.
Бори дигар Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромиро ба Рӯзи Артиши миллии кишвари азизамон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландиву саломатӣ ва сулҳу субот ,оромиву осоиши бардавом ва саодати рӯзгорро орзумандам.
Чун анъана дар ҷашну маросимҳои милливу давлатӣ шахсоне, ки барои пешрафту рушди Донишгоҳ саҳми назарраси худро софдилона мегузоранд бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин радиф як зумра кормандону донишҷӯёни фаъол бо ифтихорномаву сипосномаи Донишгоҳ дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ- фароғатии ансамбли “Зуҳал”-и Донишгоҳ баргузор гардид, ки онҳо бо суруду таронаҳои ватандӯстонаву саршор аз ҳуввияти миллӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
ДТТ, 22.02.2025