Дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази саломатии шаҳрии №15 дар доираи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуниятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” чорабинии пешгирикунанда баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У, мутахассисонии Маркази саломатии шаҳрии №15 Подшоева Шаҳноза, Амирӣ Гулхумор, Шарипова Бибисафия, Назарова Фирӯза, Мамадҷонова Раъно бо доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намдуданд.
Зимни суханронӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. қайд намуд, ки ВНМО яке аз бемориҳои вирусии хеле хатарнок ба ҳисоб рафта, сол аз сол дар байни аҳолии ҷаҳон ривоҷ пайдо намудаистодааст. Ин вирус яке аз бемориҳои қарни ХХ унвон мешавад, ки табибону олимон то ҳол барои табобати он доруеро кашф накардаанд. Аз ин рӯ, мо бояд нисбати ин беморӣ бетарф набошем ва ҳамеша чораҳои пешгирии онро биандешем. Дар рафти баромади худ мутахассиси бемориҳои ВНМО Шарипова Бибисафия оид ба роҳҳои пешгирӣ ва ба ин вабои аср гирифтор нашудани одамон маслиҳатҳои муфид дода, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ҳамеша баҳри солимии худ ва ҷомеа қоидаҳои гигиеню санитарӣ, тарзи ҳаёти солим ва дастуру маслиҳатҳои муфиди мутахассисони соҳаи тибро риоя намоянд.
Подшоева Шаҳноза-пизишки Маркази саломатии шаҳрии №15 дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, дар бораи роҳҳои паҳншавӣ ВНМО ва оқибатҳои гирифторӣ ба он, инчунин чораҳои пешгирикунанда аз онро ба ҳозирин тавзеҳ дод.
Дар охири чорабинӣ байни донишҷӯён ва мутахассисони Маркази саломатии шаҳрии №15 пурсишу посухҳо сурат гирифт, ки аз ҷониби пизишкон ба пурсишҳо ҷавобҳои қонеъкунанда ироа гардид.

