Баргузории ҷаласаи корӣ

Ҳафтаи сипаригашта дар доираи нақша-чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ ва супоришҳои ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ҷаласаи кории муовинони ректор бо мудирони кафедраҳо ва муовинони декан оид ба илм ва инноватсия баргузор гардид.
Зимнан муовини ректори оид ба илм ва татбиқот Яминзода З.А. вобаста ба омодагӣ ва иштироки фаъоли донишҷӯён, магистрантон ва муҳақиқон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” минҷумла дар номинатсияи нав “Зуҳни сунъӣ ва барномасозӣ”, омодагӣ ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, нашри мақолаҳои илмию оммавӣ, чопи дастурҳои таълимиву методӣ, китобҳои дарсӣ, ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии омӯзгорон, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Олими сол”, “Магистранти сол” ва “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” суханронӣ намуда, ҷиддӣ пайгирӣ намудани масъалаҳои баррасишавандаро талаб намуд.
Сипас, муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ Ғафоров Ф.М. баромад намуда, роҷеъ ба иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ, раванди корҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳ, омодагӣ ба озмунҳои дохилидонишгоҳии “Ихтиърокори ҷавон” ва “Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ”, оғози тақсимоти хатмкунандагон ба ҷои кор дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” аз 27 майи соли 2017 №262, идомаи маъракаи тарғиботии “Довталаб – 2025” ҷиҳати ҷалби бештари довталабон ба Донишгоҳ, баргузории “Рӯзи дарҳои кушод” дар Донишгоҳ, тақсимоти кортҳои донишҷӯён ҷиҳати назорати электронии давомоти онҳо ва роҳандозии низоми “Донишгоҳи рақамӣ” масъалагузорӣ намуд.
Дар баррасии масъалаҳои тарбиявӣ ва идеологӣ, иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 -2025), рияои сару либос, омодагӣ ба ҷашнҳои фарҳангиву варзишӣ ва иштироки фаъолона дар онҳо муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. суханронӣ намуд.
Дар интиҳои ҷаласаи корӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.