Санаи 12-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ ва аксияи иттилоотӣ ҷиҳати истифодаи сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сармутахассиси раёсати Агентии назорати давлатии энергетикӣ Шамсов М.М., мутахассисон Гулов П.С., Ниёзов Ф., Пирзода М. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. иштирок намуда, бо устодону донишҷӯён суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар фасли зимистон бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд гардидани истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳӣ, сарфи неруи барқ ба маротиб афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона, сарфакорона ва риояи қоидаҳои техникии бехатарӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад. Намояндагони Агентӣ доир ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, роҳ надодан ба пайвасткуниҳои худсарона, инчунин худдорӣ намудан аз истифодаи асбобҳои барқии фарсудаву ғайристандартӣ маслиҳатҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки истифодаи таҷҳизоти каммасраф, хомӯш намудани чароғу дастгоҳҳои нолозим, назорати доимии ҳолати ноқилҳо ва таҷҳизоти барқӣ метавонад ҳам ба коҳиши хароҷот ва ҳам ба таъмини амнияти шаҳрвандон мусоидат намояд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати энергетикии донишҷӯёну кормандон, тарғиби фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи энергетика, инчунин саҳмгузорӣ дар таъмини устувории низоми энергетикии кишвар дар фасли зимистон арзёбӣ гардид.
Чорабинии мазкур дар фазои ҳамкории судманд баргузор гардида, иштирокдорон изҳори омодагӣ намуданд, ки ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ масъулияти баланд зоҳир хоҳанд кард.

