Санаи 14-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва дигар иштирокчиёни ҷамъомадро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвар, рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф беназир аст. Бешак, метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ном ва кору фаъолияти фарзонафарзанди миллати тоҷик – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад.
Сипас, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин кори ҳамоишро идома дода, барои ташкил ва гузаронидани чунин як ҳамоиши илмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар ва роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ барҷаста арзёбӣ карда, бо камоли эҳтиром суханро ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло во гузошт.
Мансурӣ Дилрабо зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҳамоиши имрӯза мавзӯи муҳим ба ҳисоб рафта, дар рушди илми ватанӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, хуллас пешрафт ва ободиву шукуфоии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар маърӯзаи илмӣ – таҳлилии раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотӣ Фаттоҳзода Саидмурод Самад, ки “Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” номгузорӣ шуда буд, аз ҷумла қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро пояи устувори давлат ва омили муҳими пешрафту рушди кишвар дониста, ба он диқати аввалиндараҷа медиҳанд. Президенти кишвар, – гуфт ӯ, – аз байни халқ баромадаанд, фарзанди халқ ҳастанд ва ҳамеша барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии халқи азизаш ва баланд гардидани обрӯю нуфузи кишвармон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҳимзода Шариф дар мавзуи “Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ омили муҳимми рушди босуботи иқтисоди миллӣ” маърӯзаи илмӣ-таҳлилӣ намуда, доир ба рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, буҷаи давлатӣ, роҳҳои боз ҳам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ суханронӣ намуда, бо мисолҳои мушаххас аз дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Н.и.и., и.в. профессор, академики АМ ҶТ, эксперти байналмилалӣ Маҳмуд Тошматов зимни маърӯзаи илмӣ-таҳлилии хеш таҳти унвони “Аккредитатсияи байналмилалӣ-омили муҳимми рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” дар бораи гузаштан аз Аккредитатсияи байналмилалӣ бахусус дар мисоли Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, аз ҷумла иброз дошт, ки 5 барномаи таҳсилотии Донишгоҳ аз Аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид. Имрӯз дар ДТТ аз 200 нафар омӯзгор 124 нафарашонро номзадҳо ва докторони илм ташкил медиҳад. Донишгоҳ 33 патент ба даст оварда, айни замон дар байни 47 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҷойи 6-умро ишғол мекунад.
Ҳамоишро раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ҷамъбаст карда, ҳозиринро бо Соли нави мелодии 2025, ки дар остонаи он қарор дорем, муборакбод гуфт ва изҳори умед намуд, ки аҳли илми кишвар, аз ҷумла аспирантону унвонҷӯён минбаъд низ мавзуъҳои муҳимми ба пешрафт ва тараққиёти мамлакат мусоидаткунандаро интихоб намуда, рисолаҳои илмии номзадӣ ва докториро бомуваффақият ҳимоя менамоянд.
Дар кори ҳамоиши илмӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт низ иштирок намуд.
Дар хотимаи ҳамоиш музокирачиён фикру андеша ва пешниҳодҳояшонро, ки бевосита ба таҳкими ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ мусоидат менамоянд, баён намуданд.