МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ” БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДОНИШҶӮЁНИ ТИБҚИ КВОТАИ

ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲСИЛКУНАНДА

Насли истиқлолқу сулҳу ваҳдатем,

Пайравони Пешвои миллатем.

Санаи 15 -уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимон бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р., мудири бахши занон ва духтарон Раҷабова С., мудири шуъбаи тарбия Ҳусенов Н.Б., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Шеров М.Н., роҳбари Шӯрои донишҷӯён Алимардонов Ш.Р., муовинони декан оид ба тарбия ва донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президент таҳти уновонӣ «Пайравони Пешвои миллатем» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Мизи мудавваро муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. кушода эълон намуда, оиди ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ҷавонон дар партави сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаву дурбинонаи Роҳбари давлат маълумот дода, ҳозиринро бо ин рӯзи сарнавиштсозу тақдирсози миллати тоҷик табрику таҳният намуд ва таъкид намуд, ки донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда бояд бо баҳои аъло ва рафтори ҳамида таҳсил намоянд ва ба боварии роҳбари давлат содиқ бошанд.

Сипас, оид ба иштироки фаъоли донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, оммавӣ ва тарғиботӣ дар мавзӯи “Ба Пешвои миллат содиқем” роҳбари Шӯрои донишҷӯён Алимардонов Ш.Р. маърӯзаи худро ироа намуданд.

Дар қисмати музокирот донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи кишвар ва гулгулшукуфоии диёрамон, оиди дастгириҳои беандозаи ҷавонон суханрони намуда, миннатдории хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд ва Рӯзи Президентро, ки ба ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас аст, сидқан табрик намуданд.

Баҳри мо ибрат бувад сад шукр , иқдоми Шумо,

Ифтихору эътибори мо шуда, номи Шумо.

То замину осмон асту ҳама ин зиндагӣ,

Чархи гардун давр гардад , фахр бо номи Шумо

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *