Ҳакимова Замира Ғайратовна
номзади илмҳои таърих, и.в. дотсент
Тел: +992 918318447
Email: zama_1984@mail.ru
Кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ аз рӯи барномаи тайёр намудани бакалаврҳои техника ва технология, бо ихтисосҳои зерин фаоълият менамояд:
Кафедра бо номи технологияи маснуоти нассоҷӣ ва тарҳрезии либос (ТМНТЛ) соли 2004 ташкил шудааст.
Солҳои 2004-2006 мудирии кафедраро н.и.т., дотсент Мироқилов В.М. ба уҳда дошт. Аз соли 2006 н.и.т., дотсент Ишматов А.Б. ба вазифаи мудири кафедра таин гашта, то соли 2011 фаъолият намуданд. Соли 2012-2013 дар вазифаи мазкур н.и.и., дотсент Наҷмиддинов Б.З. кору фаъолият намуд. Аз моҳи сентябри соли 2013-то моҳи январи 2014 вазифаи мудири кафедраро саромӯзгор Шералиев Д.М. ба уҳда дошт.
Кафедраи мазкур тибқи фармони ректори донишгоҳ №45-ЛС-1 аз 30-юми августи соли 2014 то феврали соли 2016 ҳамчун кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ ва стандартизатсияи соҳа фаъолият менамуд. Номи кафедра аз 1-уми ноябри соли 2016 ба технологияи маснуоти нассоҷӣ иваз карда шуд. Аз 1-уми феврали соли 2014 н.и.п. и.в. дотсент Ниёзбоқиев С.Қ. ба вазифаи мудири кафедра таин шуда, то 02.01.2021 фаъолият намуданд. Аз 02.01.2021 то 28.08.2024 н.и.т., дотсент Ҷалилов Ф.Р. вазифаи мудирии кафедраро ба уҳда дошт.
Имрӯзҳо сарварии кафедраро номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳакимзода Замира Ғайрат ба уҳда доранд. Ҳайати кафедраро олимони соҳибкасб ва ботаҷриба ташкил медиҳанд: докторони илм профессорон Ишматов Аскар Бозорович, Иброҳимзода Холназар Ислом, Яминзода Заррина Акрам, Гулмуродзода Ҳусейн Гулмурод, номзадони илм, дотсентон Ҷалилзода Фирӯз Раҷабалӣ, Ниёзбоқиев Сафарбоқӣ Қурбонович, Саидов Давлаҳмад Аҳмадович, Набиев Абдуғафор Ғиёсович, Бобиев Олимҷон Ғуломқодирович, Анушервони Шовалихон. Муаллимони калон: Мирзоализода Қурбоналӣ.
Кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ барои гузаронидани машғулиятҳои фанҳои тахассусӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва роҳбарии корҳои курсию корҳои хатми тахассусӣ барои ихтисосҳои 1-50010101- ресидани нахи табиӣ, 1-50010108 –технология ва таљњизоти истењсолоти нахњои табиї, 1-54010104 –метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук), 1-50010105- технологияи трикотаж, 1-50030102 – технологияи маводи нассоҷӣ, 1- 48 01 02 09 –технологияи ороиш ва рангубори масолеҳи нассоҷӣ масъул аст. Дар кафедра дар ду нимсолаи таҳсил аз рӯйи зиёда аз 50 фанни таълимӣ ба ихтисосҳои шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд, ки ҳамаи фанҳои таълимии кафедра бо маводҳои таълимию методӣ таъмин мебошанд.
Кафедра дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо корхонаҳои саноатии ҶТ, аз ҷумла бо ҶДММ “ИИ Нассоҷии тоҷик”, ҶДММ “Ваҳдат-текстайл”, ҶДММ “Арвис” ҶММ “Хима-Текстил”, Агентии “Тоҷикстандарт” ва ғ. шартномаҳои тарафайнро ба имзо расонидааст.
Инчунин дар кафедраи мазкур аз рӯи 3 ихтисос доктор PhD дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-050 назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мутахассисон омода карда мешаванд:
