Санаи 20 уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи CirculEс – “Таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисоди даврӣ ва рушди устувор” мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини истифодабарии самараноки захираҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Мизи мудавварро декани факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ н.и.и., дотсент Сатторзода А.А. бо суханронии ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон дар мавзӯи “Иқтисоди даврӣ дар шароити амалисозии консепсияи рушди устувор” маърӯза намуда, қайд намуданд, ки иқтисоди даврӣ як модели рушди иқтисодӣ мебошад, ки ҳадафи он таъмин намудани истифодаи самараноки захираҳо, ба роҳ мондани истифодабарии такрории онҳо ва коркарди дубораи партовҳо ва дар ин асос дароз кардани мӯҳлати хизмати маводҳо нигаронида шудааст. Ҳамзамон, дар маърӯзаи худ аз принсипҳо, бартариятҳои иқтисоди даврӣ, нақши он дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мушкилиҳо ва норасогиҳо дар татбиқи онро қайд карданд.
Дар кори мизи мудаввар як қатор устодони ДТТ ва меҳмонони даъватшуда бо маърӯзаҳо баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни иқтисодиёти давриро баррасӣ намуданд.
Гузориши илмии мудири кафедраи “Идоракунии молиявӣ”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д. и. и., дотсент Достиев М. Н. дар мавзӯи “Истифодаи самараноки технологияи муосир дар раванди фаъолияти соҳибкории экологӣ ва нақши он дар ташаккули “иқтисоди сабз”” ба баррасии мақсад, ҳадафҳо, заминаҳои ҳуқуқию қонунгузорӣ ва таъсири иқтисоди даврӣ ба саноатикунонии босуръати кишвар бахшида шуд.
Маърӯзаи Сардори идораи татбиқи стратегия ва технологияҳои инноватсионӣ Ҷафаров А.С. дар мавзӯи “Нақши рақамикунонии иқтисодиёт дар татбиқи модели иқтисоди даврӣ” ба нақш ва аҳамияти равандҳои рақамикунонии иқтисодиёт дар татбиқ ва натиҷагирии иқтисодиёти даврӣ, механизмҳои ташкил ва ҷамъоварии мақсадноки маълумоти оморӣ, ташкили системаҳои ҳушманд барои назорат, таъмини кори самараноки инфрасохтори хизматрасон ва бизнес-моделҳо дар ин самт бахшида шуда буд.
Сипас гузориши илмии мудири шуъбаи таълим Мирзоев Ш.Т. дар мавзӯи “Нақши истеъмолкунандагон дар татбиқи иқтисоди даврӣ” шунида шуд. Қайд гардид, ки иқтисоди даврӣ дар Тоҷикистон як самти муҳими сиёсати иқтисодӣ ва муҳити зист мебошад. Истифодабарии самаранок ва мақсадноки захираҳои табиӣ метавонад кишварро на танҳо аз таҳдидҳои экологӣ ва иқтисодӣ ҳифз балки рушди устувори онро низ таъмин намуда, ба ҳалли масоили глобалӣ, ба монанди тағйироти иқлим ва кам кардани партовҳо, низ мусоидат намояд.
Инчунин дар бобати самаранокии татбиқи модели иқтисоди даврӣ ва коркарди дуруст ва мақсадноки партовҳо пешниҳодҳои муфид карда шуда мавриди баррасӣ ва музокирот қарор гирифт.