Идораи равобити хориҷӣ ба диққати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мерасонад, ки Донишгоҳи Политехникии Браганза (IPB, Португалия) дар ҳамкорӣ бо донишгоҳ дар доираи лоиҳаи барномаи Эразмус+ KA-171 – «Мубодилаи академии байналмилалӣ» ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди интернатсионализатсия барои соли таҳсили 2025-2026 (семестри 1-ум ва 2-юм) озмуни кушод эълон намудааст.
Шартҳо ва ҳуҷҷатҳои лозимаро барои иштирок тариқи пайванди электронии http://ipb.pt/go/cz890 метавон пайдо кард.
Омӯзгорон ва кормандоне, ки хоҳиши иштирок доранд, бояд аризаи худро то санаи 15.03.2025 пешниҳод кунанд.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ хоҳишмандон метавонанд ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ тавассути телефони 234-59-27 ва почтаи электронии intertut@90gmail.com муроҷиат намоянд.
Ёдрас менамоем, ки довталабон аз ҳамаи ҳуҷҷатҳои омодагардида бояд як нусхагӣ дар як ҷузвдони алоҳида ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ супоранд.