Кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд

Соҳибназарзода Мирзоназар Давлат

мудири кафедра

Номзади илмҳои таърих, и.в.дотсент

Дорандаи нишони Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

E-mail: Mirzozonazar.1970@mail.ru

 

Сохтори мазкур соли 1991 ҳамчун кафедраи тарҳрезии бадеӣ таъсис ёфтааст. Ташаббускорони таъсисдиҳии он Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев ва дизайнери шинохта, профессор А.Н. Заневский буданд, ки дар солҳои 1990-ум сарварии кафедраро ба уҳда доштанд.

Ҳоло кафедра барои ташкили раванди таълими шаш ихтисос масъул аст:

1-19010105 – Дизайни костюм  ва газвор.

 1-1901010501 Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ

1-50010201 – Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

1-50010202 –Тарҳрезии ва технологияи маснуоти дӯзандагӣ

1-19010010504- Дизайни маҳсулоти  бофандагӣ

1-50010107- Лоиҳакашии ороиши матои нассоҷӣ

Дар ҳайати кафедра олимон: доктори илми таърих М.Ф. Иброҳимов, доктори илмҳои техникӣ Д.С. Мансурӣ, номзади илми санъатшиносӣ Г.А. Умарова ҳамроҳ бо дигар омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дар тайёр кардани дизайнерону тарроҳон саҳми арзанда мегиранд.

Хатмкардагони ихтисоси 1-19010105 ва 1-50010107 ба дараҷаи касбии бакалаври рассом- стилист  соҳиб мешаванд ва онҳое, ки ихтисоси 1-500102–ро хатм мекунанд, соҳиби дараҷаи касбии бакалаври технолог ва тарроҳ дар истеҳсолоти дӯзандагӣ мегарданд.

Тадриси фанҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои номбурда дар синфхонаҳои махсусгардонидашуда – студияҳои таърихи санъат, қаламқашӣ, рангкашӣ, дизайн, инчунин озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ-истеҳсолии саноати дӯзандагӣ сурат мегирад. Дар давоми таҳсил онҳо қоидаю усулҳои таҳияи тамсилаҳои (моделҳои) нави асосашон таърихӣ, анъанавӣ ва муосир, шаклбурӣ (пора) намудани матоъ ва дигар масолеҳ барои дӯхтани либоси шакл ва андозааш гуногун, инчунин нозукиҳои дар шароити хона, ателйе  (тибқи супоришҳои фардӣ) ва фабрика (бисёрадад) дӯхтани онҳоро меомӯзанд.

Таълими фанҳои тахассусӣ  дар кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд имкон медиҳад, ки донишҷӯён бо таърихи сару либос ва мӯди миллию ҷаҳонӣ, асосҳои интихоби масолеҳи либосвор, технологияи тайёр кардани ҷузъҳои гуногуни сару либос, лавозимот ва ороишот, ҳисоб кардани арзиши аслӣ ва нархи маҳсулот, инчунин ташкили истеҳсолоти дӯзандагӣ шинос шаванд. Дар машғулиятҳо ва маҳфилҳои беруназдарсӣ ба истифодаи сабтҳои телевизионии намоишҳои дастовардҳои дизайнерон ва тарҳрезони маъруфи гузашта ва ҷаҳони муосир диққати калон дода мешавад. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи кафедра намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷӯён баҳои воқеи гузошта мешавад. Ҳар ду-се моҳ дар толори асосии донишгоҳ намоиши моделҳои аз ҷониби донишҷӯён тарҳрезӣ ва дӯхташуда баргузор мегардад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад. Донишҷӯёни алоҳида бо сарварии омӯзгорони кафедра ҳанӯз дар рафти таҳсил ба таври фардӣ берун аз донишгоҳ намоишҳои эҷодӣ доир менамоянд ва ба ин васила донишу малакаи соҳибгаштаи худро тарғиб мекунанд. Теъдоди зиёди хатмкардагони кафедра имрӯзҳо ба сифати дизайнер ва моделйерҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат пайдо кардаанд.

1-19010105 – Дизайни костюм ва газвор Дизайнери сару либос мутахассиси саноати сабук аст, ки намунаи тамсилаҳои нави либосро эҷод мекунад. Дизайни муосир ҳамқадами ҳаёт буда, ба тарзи тағирёбандаи ҳаёти одамон ва талаботи онҳо мувофиқат мекунад. Бо мурури замон хоҳиш ва майли супоришдиҳандагон чӣ ба масолеҳ ва чӣ ба шаклу ороиш ва сифати либос дигар мешавад. Дизайнерони либос ҳамаи инро ба назар мегиранд ва бо ғояҳои нав дигаронро ба ҳайрат меоранд. Ҳангоми дар болои маҳсулоти нав кор кардан дизайнер тарҳи тамсилаҳои ояндаро тасвир мекунад ва масолеҳи заруриро (матоъ, чарм, мӯина, ресмон) интихоб мекунад. Дар зинаи ояндаи кор ӯ тамсиларо аз рӯи тарҳи қабулшуда медӯзад ва бо фабрикаҳо дар алоқа мешавад. Ҳамроҳи технолог ва тарроҳони истеҳсолот ҳуҷҷатгузории техникии зарурӣ таҳия карда мешавад. Ба ғайр аз меҳнати мустақим бо либос, дизайнер маъракаҳои тарғиботӣ ва муносибат бо ҳамкоронро ба роҳ мемонад, эҷодиёти худро намоиш медиҳад ва намоишҳои мӯди дигар тарроҳон иштирок мекунад. Дизайнер дар ҷустуҷӯи пайваста аст. Ӯ анъанаҳои либоси миллиро меомӯзад, бо услуб ва дастовардҳои дигар дизайнерҳо шинос мебошад, аз осорхонаю намоишгоҳҳо, намоишҳои мӯд дидан мекунад, мусаввараҳои рассомони шинохта ва маҷаллаҳои тасвирдорро тамошо ва таҳлил карда, барои худ ғояҳои нав пайдо мекунад. Дизайнери либос бояд донишу малакаҳои зеринро дошта бошад: шаклбурӣ кардан ва дӯхтан; таърихи сару либос, услуб ва равияҳои гуногуни дизайн; қобилияти бадеӣ (расмкашӣ дар варақ ва бо компютер); завқи тараққикардаи бадеӣ, эҳсоси ҳад ва услуб; донистани хосият ва арзиши масолеҳи гуногун; дар пуррагӣ дида тавонистани маҳсулоти тайёр; доштани нуқтаи назари бемисл; муштариҳоро гӯш карда тавонистан ва мақсади онҳоро фаҳмида гирифтан.

Ихтисосҳои 1-50010201 – Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва 1-50010202 –Тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣ Яке аз касбҳои дархостӣ дар саноати либосдӯзӣ ин тарроҳ ва технологи истеҳсолоти дӯзандагӣ мебошад. Эҷодкунандаи ғояи муайян, албатта, моделйер-дизайнер аст, тарроҳ-технолог бошад, тимсоли эҷодшударо татбиқ мекунад ва барои қисми техникии корро иҷро мекунад. Касби таррроҳ ҳамакора аст, чунки он на танҳо малакаҳои тарроҳию технологӣ, инчунин бадеиро низ талаб мекунад. Мақсади кори технолог –дар ашёҳои воқеӣ таҷассум намудани тимсоли сохтаи дизайнер, татбиқ кардани матлаби эҷодии муаллиф мебошад. Ба ҷумлаи вазифаҳои тарроҳ-технолог омода намудани ҳуҷҷатгузории технологӣ ва тарроҳӣ, назорати ҳамаи зинаҳои истеҳсолоти дӯзандагӣ, таҳлили муқоисавии ҳамин намуд маҳсулот, ки корхонаҳои рақиби ватанӣ ва хориҷӣ истеҳсол мекунанд, дохил мешаванд. Ӯ инчунин ба сатҳи эстетикии маҳсулоти тайёршуда баҳо медиҳад. Тарроҳ-технологи истеҳсолоти дӯзандагӣ дар тартибдиҳии супориши техникӣ ва тарҳрезии маҳсулот мустақим иштирок карда, лоиҳаи омодашударо бо муштарӣ мувофиқа мекунад. Ӯ бояд бо технологияҳои иттилоотии муосир, ки дар тарҳрезии либос истифода мешаванд, шинос бошад. Яке аз вазифаҳои раванди технологӣ ин ҷустуҷӯи роҳҳои дуруст дар истифодаи масолеҳи пардозӣ ва ҷузъҳои зинати берунаи либос мебошад. Тарроҳ-технологи истеҳсолоти дӯзандагӣ бояд на танҳо завқи баланди бадеӣ дошта бошад, инчунин дорои назардиди хуб, ҳисси таносубҳо, тасаввуроти фазоӣ ва ҳиссиёти мувозинати рангҳо бошад. Ба ӯ бояд инчунин хотираи хуб ва тафаккури аёнӣ-тимсолӣ хос бошад. Мутахассиси хуби соҳа бояд бо низомҳои гуногуни тарҳрезии маҳсулоти дӯзандагӣ шинос бошад. Малакаи дӯхтан, фаҳмиши хосиятҳои масолеҳи гуногуни дӯзандагӣ ва донистани барномаҳои компютерии татбиқӣ ба кори тарроҳ-технологи истеҳсолоти дӯзандагӣ ёрӣ медиҳад. Босаводона нақша ва расм кашидан низ талаб карда мешавад. Тарроҳ-технолог одатан танҳо фаъолият накарда, дар ягон ташкилоти лоиҳавӣ-тарроҳӣ (ателйе, хонаи мӯд, фабрикаи дӯзандагӣ) кор мекунад.