Кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ

Кафедраи “Технологияи маснуоти нассоҷӣ” аз рӯи барномаи тайёр намудани бакалаврҳои техника ва технология, бо ихтисосҳои зерин:

1-500101-Технологияи ришта,матоъ, матоъи бе тору пуд;
1-50010101- Технологияи ресандагӣ;
1-50 01 01 04 – «Технологияи матоъҳо»;
1-50010105- Технологияи кешбофӣ;
1-54 01 01-04 – «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук)»,

Ин кафедра бо номи “Технологияи маснуоти нассоҷи ва тарҳрезии либос” (ТМНТЛ) соли 2004 ташкил шудааст.

Солҳои 2004-2006 мудирии кафедраро н.и.т., дотсент Мироҳилов В.М. ба уҳда дошт. Солҳои 2006-2011 мудири кафедраро н.и.т. и.в.профессор Ишматов А.Б. ба ӯҳда доштанд. Соли 2012-2013 дар ин вазифаи.и.и.дотсент Наҷмиддинов Б.З. кору фаъолият намуд. Аз моҳи сентябри соли 2013-то моҳи январи 2014 дар ин вазифа саромӯзгор Шералиев Д.М. кор ва фаъолият намуд. Кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ тибҳи фармони ректори донишгоҳ № 45-ЛС-1 аз 30 августи соли 2014 ҳамчун кафедраи ТМНваСС фаъолият менамуда, аз 1-ӯми ноябри соли 2016 ба кафедраи «Технологияи маснуоти нассоҷӣ » иваз карда шуд. Аз 1 феврали соли 2014 то ин ҷониб мудири кафедра н.и.п. и.в.дотсент НиёзбоқиевС.Қ таъин шудааст.

Имрӯзҳо сарварии кафедраро номзади илмҳои педагогӣ и.в.д. Ниёзбоҳиев С.К. ба ӯҳда доранд. Ҳайати кафедраро олимони соҳиб касб ва бо таҷриба ташкил медиҳанд: доктори илмҳои техники и.в. профессор Ишматов А.Б. доктори илмҳои техникӣ и.в.профессор Иброҳимов Х.И. (декан),. Муаллимони калон: Ҳакимова Замира Ғайратовна, Набиев Абдуғафор Ғиёсович, Ҷалилов Фирӯз Раҷабалиевич, Рӯзибоев Ҳусейн Гулмуродович, Бобиев Олимҷон Ғолибович ва ғайраҳо.

Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-500101- Технологияи ришта, матоъ, нассоҷ ва матои бе тору пуд, 1-50010101- Ресандаи нахи табиӣ, 1-50010104 –Технологияи матоъҳо, 1-50010105 –Технологияи кешбофӣ, 1-54010104 –Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия мутахассис тайёр менамояд. Дар кафедра аз рӯйи 47 фан ба ихтисосҳои шӯъбаи рӯзона дарс мегузаранд. Аз ҷумла 1. Технологияи асосӣ, маҳсулот ва хусусиятҳои нахҳои нассоҷӣ 2. Асосҳои эҷоди муҳандисӣ 3. Технология ва таҷҳизоти коркарди аввалини пахта 4. Технологияи механикии маснуоти нассоҷӣ 5.Усулҳо ва воситаҳои ченкунӣ, назорат ва санҷиш 6.Тарҳрезии корхонаҳои соҳа 7.Назорати техникӣ дар истеҳсолоти ресандагӣ ва бофандагӣ 8.Технология ва таҷҳизоти рангуборкунии матоъҳо 9. Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия 10. Технологияи асосӣ, маҳсулот ва хусусиятҳои нахҳои нассоҷӣ (истеҳсоли маҳсулотҳои нассоҷӣ) ва ғайра.

2. Дар кафедра 11 нафар омӯзгорони штатӣ кор ва фаъолият менамоянд, аз он ҷумла 2 нафар доктори илмҳои техникӣ, иҷрокунандаи проффесор , 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент., 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент, 1 нафар номзади илмҳои техникӣ 5 нафар муаллими калон, 1 нафар ассистент.