Кафедраи технологияи истеҳсоли маводи хӯрока аз рӯзи таъсисёбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар базаи кафедраи маълумоти умумӣ фаъолият дорад.
Соли 1991 бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассусӣ тағйиротҳои сохторӣ гузаронида шуд, ки дар он кафедраи кимиё ба ду кафедра: кимиё ва технологияи саноати хӯрокворӣ тақсим карда шуд.
Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05.12.1996с. ва фармони ректор таҳти №250/ОХ аз 25.12.1996с. – Департаменти илм ва технологияи маводи хӯрока таъсис ёфт ва раиси Департамент н.и.б., дотсент Бобочонова Х.И. таъин шуд. Дар заминаи департаменти мазкур кафедраи технологияи саноати хурокворӣ таъсис ёфт ва мудирии онро н.и.т., дотсент Юсупов Ш.Т. ба уҳда гирифт.
Дар моҳи майи соли 1993 кафедра ба ду кафедра: кимиё ва технологияи саноати хӯрокворӣ тақсим карда шуд.
Департаменти илм ва технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил ёфт моҳи сентябри соли 2000-ум ба кафедраи кимиё, биокимиё ва технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ» табдил дода шуд. Дар айни замон табдили ном кардани кафедра ҳар сол давом мекард ва он то соли 2009 идома ёфт. Соли 2006 дар заминаи кафедраи биокимиё ва технологияи маҳсулоти хурокворӣ ва ду кафедраи дигар кафедраи технологияи истеҳсоли хӯрокворӣ ва кафедраи мошинҳо ва дастгоҳи истеҳсоли хӯрокворӣ таъсис дода шуд.
Аз 5-уми сентябри соли 2006 бо қарори Шӯрои илмии ДТТ суратмаҷлиси №01/ОХ аз 5.09.2006 сол кафедраи технология ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока ба кафедраҳои дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока ва технологияи маводи хӯрока тақсим карда шуд. Моҳи сентябри соли 2012 кафедраи технологияи истеҳсоли маводи хӯрока ба кафедраи стандартизатсия ва технологияи истеҳсоли маводи хӯрока номгузорӣ карда шуд. Соли 2008 вазифаи мудири кафедраи технологияи истеҳсоли маводи хӯрока ба зиммаи н.и.к., дотсент Икроми М.Б. гузошта шуд. Аз соли 2009 то имрӯз вазифаи мудири кафедра ба зиммаи н.и.т. дотсент Хушматов А.Т. вогузор шудааст.
Бо қарори шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2016 номи кафедра аз «Технологияи истеҳсоли маводи хӯрока ва стандартизатсия» ба номи Қурбонов И.И. ба Технологияи истеҳсоли маводи хӯрока ба номи Қурбонов И.И. иваз карда шуд.