Кафедраи кимиё

Меҳринигори Булбулназар

Мудири кафедра

Тел: (+992 372) 2-34-56-72

Кафедраи химия ҳамчун маркази илмию таълимӣ аз рӯзи таъсисёбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Моҳи майи соли 1991 бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассусӣ тағйироти сохторӣ гузаронида шуд, ки дар он кафедраи Химия ба ду қисм ҷудо мешавад: кафедраи «Химия» ва кафедраи «Технологияи саноати хӯрокворӣ».
Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05.12. 1996с. ва фармони ректор таҳти № 250/ОХ аз 25.12.1996с. – Департаменти илм ва технологияи маводи хӯрока таъсис ёфт.
Моҳи сентябри соли 2000-ум департамент ба кафедраи «Химия ва биохимияи технологияи маҳсулоти хурокворӣ» табдил дода шуд. Моҳи феврали соли 2001 кафедра боз ба ду қисм ҷудо шуд: «Химия ва биохимия», «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли хурокворӣ». Тибқи фармони ректори Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон № 90/ОХ  аз 20.11.03. дар заминаи кафедраҳои зикршуда кафедраи «Биохимия ва технологияи маҳсулоти ғизои» ташкил гардид.
Кафедраи химия таълими фанҳои химияи узвӣ, ғайриузвӣ, химияи таҳлили, химияи физикию ва коллоидӣ, химияи хурокворӣ ва усулхои тадкикоти ашё ва маводи хӯрока барои ихтисосҳои «Технологияи маводи хӯрока», «Мошин ва таҷҳизоти истеҳсоли маводи хӯрока», «Технология махсулот ва ташкили хӯроки умумӣ» «Метрология, стандартизатсия ва сертификация» ва «Технологияи саноати сабук» ба роҳ мондааст.

Озмоишгоҳҳои таълимии кафедраи химия

Кафедра дорои толори лексионӣ, 4 озмоишгоҳи  таълимӣ ва озмоишгоҳи илмӣ мебошад:

Озмоишгоҳи «Кимиёи тахлилӣ»

Озмоишгоҳи «Кимиёи ғайриузвӣ»

Озмоишгоҳи «Кимиёи физикӣ ва коллоидӣ»

Озмоишгоҳи «Усулҳои физикӣ ва кимиёии таҳлилӣ маводҳо»

Озмоишгоҳи  илмӣ 

Озмоишгохи илмии кафедраи химия барои уновонҷӯён, докторантон ва магистрантон  барои гузаронидани корҳои илмӣ пешбини шудааст. Дар озмоишгоҳ асосан барои муаяйн намудани нишондиҳандаҳои физики ва химиявии моддаҳо,  муайян намудани моддаи хушки экстрактҳо, муаяйн намудани УФ- спектри экстрактҳо.

ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИЮ МЕТОДӢ

2   Нишони маркази миллии патенту иттилоот

25 Дастури таълимӣ методӣ  

10  Китобӣ дарсӣ   

8   Патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

5   Дипломи ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон

4   Монография

Дар кафедра 7- омӯзгори штатӣ кору, аз ҷумла 1 доктори илмҳои техникӣ, 2 номзади илмҳои кимиё, доцент, 2 доктор PhD ва ду ассисент-омӯзгор фаъолият доранд.
Дар назди кафедра маҳфили илмӣ- инноватсионӣ, эҷодии кимиёгарон ва экологҳои ҷавон “Барги сабз” фаъолият дорад, ки донишҷӯёни болаёқат метавонанд бо ёрии устодони кафедра корҳои илмию тадқиқотӣ баранд..