Кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти рушд

Кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти рушд моҳи сентябри соли 2007 ташкил шудааст. Вазифаи мудири кафедраро аз моҳи сентябри соли 2007 номзади илми иқтисод, дотсент Дарингов К.П., аз 1-уми апрели соли 2009 академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳимов Р.К. ва аз сентябри соли 2009 саромӯзгори кафедра Раҷабов К.Р. ин вазифаро ба ӯҳда доштанд. Аз сентябри соли 2010 н.и.и., саромӯзгор Сатторов А.А. мудири кафедра таъин шудаанд ва аз сентябри соли 2014 н.и.и. саромӯзгор  Раҷабов Қ.Р. ин вазифаро ба уҳда дошт. Аз сентябри соли 2016 то имрӯз д.и.и., профессор Усманова Туфа Ҷумаевна ин вазифаро бар ӯҳда дорад.

Дар айни замон кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:

 1-25010201  «Иқтисодиёти таҳлилӣ» (мӯҳлати таҳсил 4 сол, шӯъбаи рӯзона)

Мутахассиси ин ихтисос таҳлилгари иқтисодиёт дар тамоми соҳаҳои истеҳсолӣ ва ѓайриистеҳсолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин мутахассиси ихтисоси мазкур бояд таҳлил ва банақшагирии барномаи истеҳсолии корхонаро амалӣ карда, фаъолияти худро бо дигар шӯъбаҳои корхона ҳамоҳанг намуда, ҳаргуна қарори стратегӣ, тактикӣ ва фавриро аз нигоҳи таъсири онҳо ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти хоҷагидории корхона баҳогузорӣ карда тавонад.

Талабот оиди сатҳи азхуднамоии ихтисоси «Иқтисодиёти таҳлилӣ» тавассути стандарти таҳсилоти олӣ муайян гардидааст ва хатмкунанда бояд масъалаҳои зеринро аз бар намояд:

  • асосҳои ташаккули сиёсати инноватсионнии давлат, таҳлили макроиқтисодӣ,
  • таҳлили лоиҳавӣ, таҳлили молиявӣ, баҳодиҳии сармоягузорӣ;
  • консепсияи муосири инноватсияҳо, баҳодиҳии таъсири рушди иқтисодӣ, банақшагирӣ ва дурнамо дар иқтисод, стратегияи сармоягузорӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ;
  • методҳои баҳогузории иқтисодӣ, таҳлили самаранокии истифодаи омилҳои истеҳсолот, таҳлили иқтидорҳои (потенсиалҳои) иқтисодӣ ва хавфҳои сармоягузориҳо ва таҳлили самаранокии чобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда ва муайянкунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ.

 1-25010104  «Иқтисодиёти инкишофи илмию технологӣ» (мӯҳлати таҳсил 4 сол, шӯъбаи рӯзона)

Мутахассиси ихтисоси  мазкур  таҳлилгар ва идоракунандаи инкишофи илмию иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ мебошад.

Мутахассиси ин соҳа  бояд чунин корҳоро иҷро карда тавонад:

  • бо истифода аз ахбори иқтисодӣ гузаронидани таҳлил;
  • таҳлили иқтидорҳои (потенсиалҳои) иқтисодӣ ва хавфҳои сармоягузориро;
  • таҳлили самаранокии ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда;
  • таҳлили самаранокии иқтисодиёти инкишофи  илмию  технологӣ;
  • муайян намудани захираҳои самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ