Раҷабова Зиёдамоҳ Ҷумаевна
мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳ
Кафедраи молия ва қарз мувофиқи фармони ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2004 ташкил шудааст. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-250104 – молия ва қарз, тахассуси 1-25010410 – менеҷменти молиявӣ, 1-25011024 – таъминоти иттилоотии бизнес, 1-25010202- иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ мутахассисон тайёр менамояд.
Аз лаҳзаи ташкилёбӣ то моҳи апрели соли 2010 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳасанов А.Р. ба уҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2010 то моҳи августи соли 2012 ва сентябри соли 2012 то августи 2021 номзади илмҳои иқтисодӣ Сангинов С.А. Содиқов Р.Ҳ вазифаи мудири кафедраи мазкурро иҷро намуданд. Аз моҳи августи соли 2021 то моҳи декабри соли 2025 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Собирҷонов А.С. вазифаи мудири кафедраро ба уҳда дошт.
Аз моҳи январи соли 2026 то имрӯз номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҷабова З.Ҷ. вазифаи мудири кафедраро иҷро менамояд.
Дар иқтисоди бозорӣ идоракунии молия яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки ҳар як корхона ба шумор меравад. Бинобар ин, касби директори молиявӣ (менеҷери молиявӣ) дар шароити муосир барои ҳар як корхона ва умуман мамлакат нақши ҳалкунанда дошта, хело зарур мебошад.
Ҳадафи асосии Барномаи таълимии 1-250104 – «Молия ва қарз» дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои зинаҳои олӣ ва миёнаи идоракунӣ ба шумор меравад, аз ҷумла:
директори молиявии корхона;
сардори раёсати (шӯъбаи) молия;
сардори шӯъбаи молия;
мутахассиси пешбари раёсат ё шӯъбаи молия ва ғайра.
Ихтисоси 1-250104 – «Молия ва қарз» диққати асосиро ба тайёрии касбӣ ва тайёрии мутахассисоне равона менамояд, ки бояд оиди идоракунии сармояи асосӣ ва гардони корхона дониш ва малакаи кофӣ дошта, сиёсати молиявӣ ва сармоягузории корхонаро таҳия карда тавонанд. Ҳамчунин мутахассиси ихтисоси 1-250104 – «Молия ва қарз» бояд таҳлил ва банақшагирии барномаи истеҳсолии корхонаро амалӣ карда, фаъолияти худро бо дигар шӯъбаҳои корхона ҳамоҳанг намуда, ҳаргуна қарори стратегӣ, тактикӣ ва фавриро аз нигоҳи таъсири онҳо ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти хоҷагидорӣ баҳогузорӣ карда тавонад.
