КАФЕДРАИ МОШИН ВА ДАСТГОҲҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКА
Кафедраи «Мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрока» аз рӯзи таъсисёбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият дорад.
Аз сентябри соли 1991 кафедра ҳамчун кафедраи мустақил бо номи «Технологияи маводи хӯрока» таъсис ёфт, ки мудири аввалини он номзади илми кимиё, и.в. дотсент Юсупов Ш.Т. таъин шуд.
Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 15 декабри 1996 суратмаҷлиси №7 ва дар асоси фармони № 250/ОХ аз 25 декабри соли 1996 Департаменти илм ва технологияи саноати хӯрокворӣ таъсис ёфт, ки ба он кафедраи «Технологияи маводи хӯрока» дохил буд.
Бо сабаби тағйироти сохторӣ дар таркиби Департамент сентябри соли 2000 кафедраи кимиё ва биокимиё (мудири кафедра номзади илмҳои биологӣ, дотсент Бобоҷонова Х.И.) ва Технологияи маводи хӯрока (мудири кафедра номзади илми кимиё, дотсент Юсупов Ш.Т.) таъсис ёфт.
Аз феврали соли 2003 ҳамчун кафедраи мустақили факултети муҳандисӣ-технологӣ «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» номгузорӣ карда шуд ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.т. Қурбонов Ф.Б. таъин шуд.
5-уми сентябри соли 2007 бо қарори Шӯрои олимони ДТТ суратмаҷлиси № 01/ОХ аз 5.09.2007. кафедраи «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» ба кафедраҳои «Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» ва «Технологияи маводи хӯрока» тақсим карда шуд. Соли 2006 вазифаи мудири кафедраи «Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» ва ҳамзамон декани факултети муҳандисӣ-технологӣ ба зиммаи н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. гузошта шуда буд.
Соли 2007 дар асоси қарори Шӯрои олимони ДТТ вазифаи мудири кафедраи «Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока»-ро н.и.т., дотсент Чиркина Т.В. иҷро менамуд. Солҳои 2011-2013 вазифаи мудири кафедраро д.и.т. Юсупов Ш.Т. ба зимма дошт. Солҳои 2014-2015 вазифаи мазкурро д.и.т., и.в., профессор Розиқов Ш.Ш. иҷро кард. Аз моҳи октябри соли 2015 бо қарори Шурои олимони ДТТ кафедра «Мошинҳо, дастгоҳҳо ва таъмини сифати истеҳсоли маводи хӯрока» номгузорӣ карда шуд. Солҳои 2015-2024 вазифаи мудири кафедраро н.и.т. дотсент Мирзозода Гулмаҳмад Хол ба зимма дошт. Бо фармони ректори ДТТ таҳти №179/ХШ аз 30.08.2024 Кабиров Фирдавс Одилшоевич иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъин шуд.
Кафедра аз рӯи равия ва ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад:
1-360901 – «Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока»
1-36 09 01 01 – «Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ»,
1-36 09 01 04 – «Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва маводи ғизоии консентронидашуда»,
1-36 09 01 05 – «Таҷҳизоти саноати шароббарорӣ»,
1-36 09 01 06 – «Таҷҳизоти саноати гӯштию ширӣ».
1-54010105 – «Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (маҳсулоти хӯрокворӣ)»
Кафедра дорои 4 озмоишгоҳҳо мебошад, ки дарсҳои назариявӣ, озмоишӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Дарсҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ мегузаранд.
Барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён кафедра бо корхонаҳои саноати хӯрокворию мошинсозии ҷумҳурӣ, ки бо техникаю технологияи нави муосир таҷҳизонида шудаанд, дар асоси шартномаҳои тарафайн имконияти гузаштани таҷрибаомузӣ доранд.
Кафедра бо марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, макотиби олӣ алоқаи зич дорад, ки устодон метавонанд барои баланд бардоштани савияи илмию педагогии худ тадқиқот гузаронанд.
Кафедраи мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрока бо назардошти талаботи рӯзафзои кишвари соҳибистиқлол, таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакатамон ва коркарди самараноку бепартови маҳсулоти хоми хӯрока саҳми беандозаи худро дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа равона намудааст.
Кафедра барои донишҷӯён ва магистрантони ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ 50 фанҳои асосӣ ва интихобӣ таъмин менамояд.
Мутобиқи Тақвими академӣ – ҷадвали ҷараёни таълим донишҷӯён аз рӯи ихтисосашон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мегузаранд.
Донишгоҳ бо як қатор муассиса ва корхонаҳои истеҳсолии саноати хӯрокворӣ (ҶСП «Комбинати шири Душанбе», ҶДММ «Комбинати шири Саодат», ҶСШК «Ширин», ҶСШК «Равғани тоҷик», ҶДММ “Акома” ҶДММ «Илмӣ-истеҳсолии Тоҷикматлубот», ҶСК «Заводи шароббарории Душанбе», ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», ҶДММ «Ириана», ҶСШК «Сим-сим»), мошинсозӣ («Таҷҳизот», «Тоҷиктекстилмаш») ва Агентии «Тоҷикстандарт» шартномаи тарафайн дорад, ки дар ин корхонаҳо донишҷӯён таҷрибаомӯзии мекунанд. Тақсимоти донишҷӯён ба макони таҷрибаомӯзӣ аз рӯи дархости корхонаҳо ва роҳхатҳои донишгоҳ сурат мегирад.
Устодони кафедра дар мавзуҳои «Маркази тадқиқотии илмиасоси истифодаи боигариҳои табии Тоҷикистон барои рушди саноати хӯрокворӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ» ва «Коркарди технологияи бепартови хушккунии меваҳо ва мукаммал гардонидани ҷиҳати техникии он» тадқиқоти илмӣ гузаронида истодаанд. Оид ба ин мавзӯи илмӣ ҳайати устодону профессорон тадқиқотҳои озмоишӣ гузаронида бо натиҷаҳои бадастоварда дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо баромад менамоянд.
ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИЮ МЕТОДӢ
5 нишони маркази миллии патенту иттилоот
1 диломи бехтарин ихтироъкор дар ш.Фаронса
1 медали бринҷӣ «Архимед» дар ш. Москва.
5 дипломи ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 патент оид ба ихтирооти ФР
10 китоби дарсӣ
55 дастурҳои таълимию методӣ
Дар назди кафедра маҳфили тарҳрезии донишҷӯён бо номи «Ихтироъкор» фаъолият мебарад, ки донишҷӯёни болаёқат метавонанд бо ёрии устодони кафедра корҳои илмию тадқиқотӣ баранд.