Кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг

Бойназарова Мохира Махмарачабовна
Мудири кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг
Номзади илмҳои иқтисодӣ
E-mail: boynazarova_m@tut.tj

Кафедраи «Менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг»

Кафедраи «Менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг» ҳамчун ҷузъи таркибии факултети  «Меҷмент ва маркетинги байналмилалӣ»-и Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон буда, дар асоси талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон №8/4 аз 13 апрели соли 2006 тасдиқ шудааст, амал мекунад.

Кафедра дар асоси Оинномаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва нақшаи корӣ фаъолият менамояд. Кафедраи “Менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг” воҳиди таркибии Факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, он дар асоси якҷоя кардани кафедраҳои “Маркетинги соҳавӣ ва байналмилалӣ” ва “Менеҷменти байналмилалӣ” бо пешниҳоди Шўрои олимони факултет бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳ, таҳти фармони №5/ХУ аз 1 феврали соли 2019 таъсис дода шудааст.

Кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг дар заминаи якҷоя кардани кафедраҳои «Маркетинги соҳавӣ ва байналмилалӣ » ва « Менеҷменти байналмилалӣ »  аз 1 феврали  соли 2019 фаъолият карда истодааст.

Кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг ҳамчун кафедраи пешбар барои тайёр кардани мутахассисони дараҷаи бакалаври самтҳои аз рўи тахассусҳои 1-26020202- менеҷменти байналмилалӣ, 1-26020305 – маркетинги байналмилалӣ, 1-26020307 маркетинги корхонаҳои саноатӣ ва дараҷаи магистри тахассуси М – 26 021 02 02 “Менеҷменти байналмилалӣ”  ва М 1-26 02 03 05 – маркетинги байналмилалӣ фаъолият карда, таълими фанҳои ба кафедра вобасташударо ба ихтисосҳои мазкур таъмин менамояд. Кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг аз ӯҳдаи амалигардонии яке аз ҳадафҳои асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – тайёр кардани мутахассисони рақобатпазири замони муосир дар бозори меҳнат маҳсуб меёбад, бо хубӣ баромада истодааст.

Кафедра дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот тибқи барномаи (нақшаи) кори кафедра фаъолият карда, он вазифаҳои аввалиндараҷае, ки аз дастуру фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати  саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои олимон ва ректорати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри дар амал тадбиқ кардани модели сифати таҳсилот ва баланд бардоштани масъулиятшиносии омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултет бармеоянд, чораҳои зарурӣ меандешад.

Вобаста ба ҷавобгў будан ба талаботи стандартҳои давлатии таълимӣ тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб барои фаъолият дар сохторҳои гуногуни вазоратҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатию ѓайридавлатӣ ва пеш аз ҳама Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои ташкилоту муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, идораҳои молиявӣ ва бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ, идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар онҳо идоракунии фаъолияти корхона, истифодаи  усулҳо мосири маркетингӣ ,реклама ва тиҷорат, инчуни қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи истеъмолкунандагон дар назар дошта мешавад.

Фанҳои таълимии кафедра:

1

Санъати роҳбарӣ 

2

Менеҷменти байналмиллалӣ

3

Идоракунии рушди инсонӣ

4

Маркетинги байналмиллалӣ

5

Ояндабинии маркетинг

6

Маркетинг

7

Идоракунии зиддибуҳронӣ

8

Менеҷменти инвеститсионӣ

9

Менеҷменти коорпаративӣ

11

Менеҷменти иҷтимоӣ

12

Менеҷменти экологӣ

13

Идоракунии маркетинг

14

Иртиботи маркетингӣ

15

Маркетинги инноватсионӣ

16

Логистика

17

Маркетинги стратегӣ

18

Менеҷмент

19

Асосҳои пешвоӣ

20

Идоракунии ҳайати кормандон

21

Менеҷменти истеъдодҳо

22

Идоракунии фуруши маҳсулот

23

Ташкили фаъолияти менеҷер

24

Тадқиқоти маркетингӣ

25

Менеҷменти муқоисавӣ

26

Тайм- менеҷмент 

27

Фаъолияти рекламавӣ

28

Менеҷменти иттилооти

29

Менеҷменти инноватсионӣ

30

Тадқиқоти маркетинги бозори ҷаҳони

31

Менеҷменти логистикӣ