Муслимзода Ҳайдар Абубакр
Мудири кафедра
номзади илми филология, дотсент.
Муаллифи зиёда аз 20 дастурҳои илмӣ-методӣ, мақолаҳои илмӣ.
E-mail: haidar.m@mail.ru
Тел:907-93-10-94
Кафедраи забони тоҷикӣ аз моҳи сентябри соли 1990 дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар заминаи кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият мекард, ки сарварии онро номзади илмҳои филологӣ, дотсент (ҳоло доктори илми филология, профессор) Қосимов Олимҷон Ҳабибович ба уҳда дошт. Маҳз дар ҳамин давра ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии кафедра омода карда шуд.
Солҳои 1997-2001 вазифаи мудири кафедраи мазкурро доктори илми филология, профессор Восиев Қурбон Восиевич ба зимма дошта, сентябри соли 2001 мавсуф ба вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Соли 2001 дар заминаи мазкур кафедраи забони тоҷикӣ ва фанҳои гуманитарӣ таъсис дода шуд, ки сарварии онро то соли 2008 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаев Нурмуҳаммад Сафарович иҷро намуд. Аз соли 2008 то соли 2014 фанни забони тоҷикӣ дар сохтори кафедраи “Фалсафа ва таълимти касбӣ” шомил буда, сарварии онро номзади илми фалсафа, дотсент Ниёзӣ Ёрмуҳаммади Бобо ба зимма дошт. Соли 2014 ба кафедра фанни забоншиносии иттилоотӣ ворид шуда, кафедра унвонии забони тоҷикӣ ва забоншиносии иттилоотӣ соҳиб шуда, сарварии онро ба дотсент Одинаев Нурмуҳаммад Сафарович вогузор шуд. Бояд зикр кард, ки аз соли 2017 то имрӯз дар кафедра танҳо фанни забони тоҷикӣ таълим дода мешавад.
Аз санаи 12.12.2023 кафедраи номбурда бо Ф №74/ҲУ аз 12.12.2023 ба кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дониста шуд. Бо сабаби тағйироти сохторӣ дар таркиби Донишгоҳ аз сентябри соли 2024 кафедраи забони тоҷикӣ ҳамчун кафедраи мустақил дар факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ дохил гардида то моҳи январи соли 2025 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра, муаллими калон Акбарова Мунира Ғоибназаровна ба уҳда дошт. Аз санаи 09.01.2025 то имрўз иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра, номзади илми филология, дотсент Муслимзода Ҳайдар Абубакр ба уҳда дорад.
Дар кафедра фанни забони тоҷикӣ аз рӯйи ихтисос дар ҳаҷми 3 (се) кредит таълим дода мешавад. Дар машғулиятҳои амалӣ ва КМД донишҷӯён ғайр аз мавзуъҳои вобаста ба забономӯзӣ, ҳамчунин бо матнҳои ихтисосӣ кор карда, луғати истилоҳоти соҳавӣ таҳия менамоянд. Ҳамчунин дар машғулиятҳои КМД донишҷӯён ба тарҷумаи матнҳои ихтисос, кор бо матнҳои адабӣ ва таърихӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ машғул мешаванд.