Бо фармони №5/ҲУ аз 1 феврали соли 2019 сохтори нави Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар заминаи кафедраҳои маркетинги соҳавӣ ва байналмилалӣ ва менеҷменти байналмилалӣ кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг ташкил дода шуд. Ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсети кафедраи иқтисодиёт ва идора Бегмуродов Сангинмурод Шамсидинович таъин гардид.
Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-26020202 – менеҷменти байналмилалӣ, 1-26020208 – менеҷменти инвеститсионӣ ва 1-26020305 – маркетинги байналмилалӣ мутахассис тайёр менамояд.
Дар кафедра 14 нафар омӯзгори штатӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, 4 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 3 нафар муаллими калон, 6 нафар ассистент аз 47 фан ба донишҷуён машғулиятҳо мегузаронанд.