Кафедраи химия ҳамчун маркази илмию таълимӣ аз рӯзи таъсисёбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Моҳи майи соли 1991 бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассусӣ тағйироти сохторӣ гузаронида шуд, ки дар он кафедраи Химия ба ду қисм ҷудо мешавад кафедраи «Химия» ва кафедраи «Технологияи саноати хӯрокворӣ».
Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05.12. 1996с. ва фармони ректор таҳти № 250/ОХ аз 25.12.1996с. – Департаменти илм ва технологияи маводи хӯрока таъсис ёфт.
Моҳи сентябри соли 2000-ум департамент ба кафедраи «Химия ва биохимияи технологияи маҳсулоти хурокворӣ» табдил дода шуд. Моҳи феврали соли 2001 кафедра боз ба ду қисм ҷудо шуд: «Химия ва биохимия», «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли хурокворӣ». Тибқи фармони ректори Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон № 90/ ОХ аз 20.11.03. дар заминаи кафедраҳои зикршуда кафедраи «Биохимия ва технологияи маҳсулоти ғизои» ташкил гардид.
Кафедраи химия таълими фанҳои химияи узвӣ, ғайриузвӣ, химияи таҳлили, химияи физикию ва коллоидӣ, химияи хурокворӣ ва усулхои тадкикоти ашё ва маводи хӯрока барои ихтисосҳои «Технологияи маводи хӯрока», «Мошин ва таҷҳизоти истеҳсоли маводи хӯрока», «Технология махсулот ва ташкили хӯроки умумӣ» «Метрология, стандартизатсия ва сертификация» ва «Технологияи саноати сабук» ба роҳ мондааст.