Кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд

Сохтори мазкур соли 1991 ҳамчун кафедраи тарҳрезии бадеӣ таъсис ёфтааст. Ташаббускорони таъсисдиҳии он Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев ва дизайнери шинохта, профессор А.Н. Заневский буданд, ки дар солҳои 1990-ум сарварии кафедраро ба уҳда доштанд.

Ҳоло кафедра барои ташкили раванди таълими шаш ихтисос масъул аст:

1-19010105 – Дизайни костюм  ва газвор.

 1-1901010501 Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ

1-50010201 – Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

1-50010202 –Тарҳрезии ва технологияи маснуоти дӯзандагӣ

1-19010010504- Дизайни маҳсулоти  бофандагӣ

1-50010107- Лоиҳакашии ороиши матои нассоҷӣ

Дар ҳайати кафедра олимон: доктори илми таърих М.Ф. Иброҳимов, доктори илмҳои техникӣ Д.С. Мансурӣ, номзади илми санъатшиносӣ Г.А. Умарова ҳамроҳ бо дигар омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дар тайёр кардани дизайнерону тарроҳон саҳми арзанда мегиранд.

Хатмкардагони ихтисоси 1-19010105 ва 1-50010107 ба дараҷаи касбии бакалаври рассом- стилист  соҳиб мешаванд ва онҳое, ки ихтисоси 1-500102–ро хатм мекунанд, соҳиби дараҷаи касбии бакалаври технолог ва тарроҳ дар истеҳсолоти дӯзандагӣ мегарданд.

Тадриси фанҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои номбурда дар синфхонаҳои махсусгардонидашуда – студияҳои таърихи санъат, қаламқашӣ, рангкашӣ, дизайн, инчунин озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ-истеҳсолии саноати дӯзандагӣ сурат мегирад. Дар давоми таҳсил онҳо қоидаю усулҳои таҳияи тамсилаҳои (моделҳои) нави асосашон таърихӣ, анъанавӣ ва муосир, шаклбурӣ (пора) намудани матоъ ва дигар масолеҳ барои дӯхтани либоси шакл ва андозааш гуногун, инчунин нозукиҳои дар шароити хона, ателйе  (тибқи супоришҳои фардӣ) ва фабрика (бисёрадад) дӯхтани онҳоро меомӯзанд.

Таълими фанҳои тахассусӣ  дар кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд имкон медиҳад, ки донишҷӯён бо таърихи сару либос ва мӯди миллию ҷаҳонӣ, асосҳои интихоби масолеҳи либосвор, технологияи тайёр кардани ҷузъҳои гуногуни сару либос, лавозимот ва ороишот, ҳисоб кардани арзиши аслӣ ва нархи маҳсулот, инчунин ташкили истеҳсолоти дӯзандагӣ шинос шаванд. Дар машғулиятҳо ва маҳфилҳои беруназдарсӣ ба истифодаи сабтҳои телевизионии намоишҳои дастовардҳои дизайнерон ва тарҳрезони маъруфи гузашта ва ҷаҳони муосир диққати калон дода мешавад. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи кафедра намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷӯён баҳои воқеи гузошта мешавад. Ҳар ду-се моҳ дар толори асосии донишгоҳ намоиши моделҳои аз ҷониби донишҷӯён тарҳрезӣ ва дӯхташуда баргузор мегардад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад. Донишҷӯёни алоҳида бо сарварии омӯзгорони кафедра ҳанӯз дар рафти таҳсил ба таври фардӣ берун аз донишгоҳ намоишҳои эҷодӣ доир менамоянд ва ба ин васила донишу малакаи соҳибгаштаи худро тарғиб мекунанд. Теъдоди зиёди хатмкардагони кафедра имрӯзҳо ба сифати дизайнер ва моделйерҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат пайдо кардаанд.