Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ

Аз 1-уми августи соли 1998 дар Донишгоҷи технологии Тољикистон Департаменти «Маркази компютерӣ» ташкил гардида роҳбарии он ба зиммаи н.и.ф.м., дотсент Юсупов Мирзо Чӯлиевич гузошта шуд. Дар назди департаменти навтаъсис ду вазифаи асосӣ гузошта шуда буд:

  1. Амалисозии лоиҳаи «Таъсиси маркази компютерии ҷумҳуриявӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Барномаи рушди СММ ва ЮНЕСКО ба маблағи 250 000 доллари амрикоӣ оғоз гардид.
  2. Ба роҷ мондани ҷамкорӣ бо ширкатҷои бонуфузи сохаи иттилоот.

Бори аввал байни таълимгоҳҳои олии касбии кишвар 1 ноябри соли 1999 маркази компютерӣ иборат аз 10 компютер ва ба шабака пайваст бо иштироки намояндаи Баномаи рушди СММ Метю Кахане кушода шуд ва амалисозии лоиҳаи «Таъсиси маркази компютерии ҷумҳуриявӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар ҳақиқат, дар он давр кушодашавии маркази компютерии дорои шабака яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Моҳи октябри соли 2001 бо иштироки директори генералии ЮНЕСКО Коитиро Мацуура, ки бо ташрифи расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, шабакаи компютерии ДТТ ба хати доимии шабаки Интернет пайваст гардид.  Дар он давра хатҳои оптикӣ барои пайваст шудан ба шабакаи Интернет мавҷуд набуд ва Донишгоҳ бо ширкати дастраскунии Интернет дар Тоҷикистон «Телеком технолоҷӣ» тариқи радиомодем пайваст карда шуд.

Руйдоди дигари муҳим дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ кушодашавии академияи маҳаллии Cisco дар назди ДТТ буд, ки чунин академия дар Тоҷикистон аввалин буд. То ин дам мутахассисон барои азхуд намудани технологияи шабакавии Cisco ба шаҳрҳои Киев ва ё Боку сафар мекарданд. Бо дастгирии Барномаи рушди СММ академия навтаъсис бо таҷҳизотҳои муосири зарурӣ таъмин карда шуданд.

Бояд изҷор дошт, ки дар натиҷаи амалисозии лоиҳаи «Таъсиси маркази компютерии ҷумҳуриявӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» ДТТ бо таҷҳизоти зарурии компютерӣ пурра муҷаҷҷаз гардида, дар байни таълимгоҳҳои олии кишвар пешсаф гардид ва ин таъсири мусбии худро ба баланд бардоштани сифати таҳсилоти донишҷӯёни соҳаи барномасозӣ расонид.

Департаменти технологияҳои инноватсионии таълимӣ соли 2009 ҳамчун ҷузъи сохтории Донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани Барномаи марҷилавии рушди инноватсионии Донишгоҷ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, бозомӯзии касбии кормандон ва омӯзгорон, мунтазам такмил додани низоми идоракунии электронии Донишгоҳ, амалисозии нақшаю барномаҳои Донишгоҳ оид ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникии Донишгоҳ ва таъсиси озмоишгоҳҳои тахассусӣ таъсис дода шудааст.

Дар аввали таъсисёбии департамент роҳбарии онро муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Тешаев Хуршед Икромович, аз 25 феврали соли 2014 Юсупов Мирзо Чӯлиевич ва аз 9 марти соли 2021 муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Ғафоров Фирӯзҷон Муҳридинович то ҳол ба ӯҷда дорад. Дар сохтори Департамент се зерсохтор фаъолият менамуд: Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ, Маркази инноватсия ва рушди касбият ва шуъбаи табъу нашр.

ТЕШАЕВ ХУРШЕД ИКРОМОВИЧ

(ҳоло ИКРОМӢ ХУРШЕД ИКРОМ)

(2009-2014) Муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ

Сарпарасти Департаменти технологияҳои инноватсионии таълимӣ

x_teshaev@yahoo.com

(+992) 915 98 00 45

Юсупов Мирзо Чӯлиевич

(2014-2021) Муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ

Сарпарасти Департаменти технологияҳои инноватсионии таълимӣ

mirzo_cctut@mail.ru

(+992) 90 811 95 92

ҒАФОРОВ ФИРУЗҶОН МУҲРИДИНОВИЧ

(2021-2024) Муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ

Сарпарасти Департаменти технологияҳои инноватсионии таълимӣ

(2024-то ҳол) Муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

Сарпарасти Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ

f.gafarov@mail.ru

(+99237)2347990

Мақсади асосии департамент – фароҷам овардани фазои инноватсионӣ дар Донишгоҳ, татбиқи технологияҳои таълимии муосир дар ҷараёни таълим ва баланд бардоштани касбияти омӯзгорон бо назардошти фаъолияти инноватсионӣ. Дар давоми фаъолияти худ департамент як қатор корҳои назаррасро оид ба амалисозии технологияҳои нав дар раванди идоракунии Донишгоҳ ва ҷараёни таълим иҷро кардааст. Аз љумла, шабакаи компютерии Донишгоҳ сол ба сол мустаҳкам карда шуда, ҳоло зиёда аз 870 компютерҳо мавриди истифода қарор доранд ва ба шабакаи ягонаи компютерии ДТТ пайваст мебошанд. Зиёда аз 90 тахтаҳои электронии мултимедиавӣ, 24 синфхонаҳои компютерӣ дар ҷараёни таълим татбиқ карда мешаванд. Платформаи ягонаи иттилоотии Донишгоҳ ташкил карда шудааст, ки дорои барномаҳои автоматикунонии идораи Донишгоҳ ва таълим мебошанд:

  • Модули баҳисобгирии автоматии амволи Донишгоҳ;
  • модулҳои идоракунии санҷишҳои тестӣ ва сессисяи имтиҳонии платформаи электронии Донишгоҳ (доменҳои локалии LMS.tut.tj ва IS.tut.tj);
  • барномаи автоматикунонии истифодабарии фонди аудитории Донишгоҳ ва таҳияи ҷадвали дарсҳо;
  • барномаи автоматикунонии сохтани ҷадвали штатии кафедраҳо ва сарбории омӯзгорон;
  • барномаи автоматикунонии қабули имтиҷонҷои марҳилавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ тариқи тестии компютерӣ;
  • барномаи баҳисобгирии иҷроиши мактубҳо ва супоришҳо.

Аз 26 июли соли 2024 бо назардошти таҷдиди нави сохтори идоракунии донишгоҳ Департаменти технологияҳои инноватсионии таълимӣ ба Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ табдил дода шуд. Сардори Идора Ҷаъфаров А.С. таъин гардида, роҳбарии умумӣ ба уҳдаи муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ Ғафоров Фирузҷон Муҳридинович вогузор гардид.

         Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон воҳиди калидии сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди таълим, корҳои илмӣ, инноватсионӣ ва идоракунии муассиса амалӣ менамояд. Самти асосии фаъолияти идора ба таҳия ва татбиқи стратегияи рушди донишгоҳ, иҷрои стратегияҳои миллӣ ва соҳавӣ, инчунин таъмини рушди устувори моддию техникии муассиса нигаронида шудааст. Идора барои татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва роҳандозии низоми идоракунии электронии донишгоҳ нақши муҳим мебозад.

         Идора фаъолияти зерсохторҳои худро дар самтҳои мухталиф ҳамоҳанг месозад, аз ҷумла хизматрасонии техникии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ, ташкили шабакаҳои компютерӣ ва фаъолияти Академияи шабакавии Cisco, инчунин ташкил ва гузаронидани курсҳои омӯзишии кӯтоҳу дарозмуддат барои донишҷӯён, кормандон ва дигар гурӯҳҳои ҳадафманд. Ҳамзамон, идора ба рушди касбият, такмили ихтисос ва мониторинги хатмкунандагон аҳамияти хоса медиҳад. Бо чунин фаъолият, Идора ҳамчун маркази муҳими амалисозии сиёсати инноватсионӣ ва рақамии донишгоҳ хизмат мекунад.

Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии донхилидонишгоҳӣ амал намуда, дар таркиби он чунин марказу шуъбаҳои мавҷуданд:

  • шуъбаи татбиқи стратегияҳо;
  • маркази технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ;
  • маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия;
  • шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон.