Кафедраи иқтисодиёти байналмилалӣ

Кафедраи иқтисодиёти байналмилалӣ аз 1 феврали соли 2019 бо фармони Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти №5/ХУ, дар заминаи кафедраи идоракунии фаъолияти берунмарзӣ таъсис дода шудааст.

Аз оғози ташкилшавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон то соли 2009 кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба зиммаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент Хоҷаёров Н. вогузор гардидааст.

Аз 31 марти соли 2009 барои тайёр кардани мутахассисони ихтисосҳои 060600.00 «Иқтисодиёти ҷаҳон» кафедра ба кафедраи фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ва идоракунии маъмурӣ табдил дода шуда буд, ки роҳбарии онро ба зиммаи номзади илмҳои иқтисод Ақилҷонов Фурқат Шарифович вогузор гардидаанд.

Имрӯз кафедраи иқтисодиёти байналмилалӣ ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисосҳои 1-25010301 «Идораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ» бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва 1-25010304 «Идоракунии сармоягузории хориҷӣ» бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ саҳми худро мегузорад.

Сарварии кафедраро аз 1 июни соли 2019 номзади илмҳои иқтисод Азимова Мадина Турдыевна ба уҳда доранд.